logo

Хабарҳо

Баррасии масъалаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи беҳтар намудани саводнокии касбии ҷавонон

Дар доираи Лоиҳаи Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP)   Бонки миллӣ дар ҳамбастагӣ бо Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди мактабҳои миёнаи Вазорати маориф ва илм барои кормандони ташкилотҳои қарзии шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ оид ба маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ баргузор намуд.
Муовини раиси бонк Сироҷиддин Икромӣ  оид ба   моҳияти низоми бонкдории исломӣ ҳамчун ягона низоми молиявие, ки қатъи назар  аз таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ дар асоси қоидаву рукнҳои динӣ ва қонунҳои шариат фаъолият мекунад, ҳарф зада, зикр намуд, ки маҳз бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» дар назди Бонки миллӣ Гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонкии исломӣ таъсис дода шудааст.
Таъкид гашт, ки мақсади асосии Барномаи VOLIP паст намудани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи беҳтар намудани саводнокии касбии ҷавонон ва тақвияти малакаву маҳорати амалии бонувони беихтисос, дастгирии молиявии онҳо ҷиҳати таъминот бо шуғл ва гирифтани даромад мебошад. Дар доираи лоиҳа маблағгузории гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ, хусусан дар деҳот, тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ ба воситаи ташкилотҳои қарзии интихобгардида дар минтақаҳо пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки айни ҳол лоиҳаи Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Норак, Левакант, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Хуросон, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Зафаробод амалӣ мешаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 312

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед