logo

фарҳанг

АДРАСБОФӢ. САФИ ҲУНАРМАНДОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА МЕАФЗОЯД

Адрасбофӣ яке аз ҳунарҳои маъмулию қадимаи тоҷикон маҳсуб меёбад, ки то ба имрӯз маъруфияти зиёд дорад. Адрас матои мунаққашест, ки тораш аз абрешиму пудаш аз ресмони пахтагин буда, дар дастгоҳи махсус бофта мешавад. Аз матои он сарулибоси занона, ҷомаҳои мардонаву бачагона ва баъзе ашёи рӯзгор, ба монанди кӯрпаву болишт ва дастархону рӯйпӯши бистар медӯзанд, ки дар ҳаёти маишии мардум васеъ истифода мегарданд.
Адрасбофӣ имрӯз қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар дида мешавад. Аз ҷумла, дар шаҳри Турсунзода перомуни ин масъала диққати махсус зоҳир гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 8 дастгоҳи атласу адрасбофӣ ба истифода дода шудааст. Бо мақсади рушди он хоҳишмандон дар шаҳри Хуҷанд аз курсҳои кӯтоҳмуддати атласу адрасбофӣ гузашта, имрӯз, аллакай шогирдони зиёдеро дар ин самт ҳидоят карда истодаанд.
Яке аз чунин коргоҳи адрасбофӣ дар Ҷамоати деҳоти 10 – солагии истиқлолияти шаҳри Турсунзода кушода шуда, дар он 12 нафар занону духтарон бо роҳбарии омӯзгор Ҳамида Комилова ба кор ҷалб гардидаанд.
Ба гуфтаи Ҳамида Комилова солҳои пеш адрасро аз абрешими нисбатан дурушт мебофтанд, ки нахи он аз 15 – 20 пиллаи даҳбанда иборат буд ва ҳар банд 200 нах дошт. Бофандагон барои рангубори риштаи адрас рангҳоро аз рӯян, пӯсти анор, испарак ва ғайраҳо омода мекарданд. Ҳоло бошад, аксари муассисаҳои таълимӣ – истеҳсолии адрасбофӣ риштаҳои рангкардаи тайёр мехаранд.
- Усули бофтани он дар ҳама ҷо як хел ба назар расида, танҳо аз ҷиҳати ранг ва нақшу нигор тафовут доранд. Аз ҷумла, адраси бунафш, зангор, пудсафед, хумӣ, шона, мурғобӣ, барги карам ва ғайра. Ороиши адрас дар дастгоҳҳои махсус сурат мегирад, ки ин амали гулпартоиро абрбандӣ мегӯянд. Матои дигар, ки ба ин маъно ҳамранг аст, атлас мебошад. Танҳо бо сифат ва мавқеи хосси худ аз ҳам тафовут доранд. Онро «шоҳи матоъҳо» низ ном мебаранд. Атласу адрас маҳсули меҳнати ҳунармандони халқӣ буда, чун воситаи муҳими эстетикию ороишӣ бо зиндагӣ ва завқи бадеии мардум робитаи ногусастанӣ доранд.
Хоссатан дар даврони соҳиб- истиқлолӣ занону духтарони тоҷик дар ҷашну маросимҳои анъанавӣ аз атлас ва адрас ба таври васеъ истифода мекунанд. Аз ин рӯ, дар саросари кишвар имрӯз ин ду матоъ серхаридор маҳсуб меёбанд, - гуфт Ҳ. Комилова.
Боиси тазаккур аст, ки дар шаҳри Турсунзода ҳунарҳои мардумӣ ривоҷ ёфта, ғайр аз адрасу атласбофӣ боз ҳамарӯза ҷавонон барои омӯзиш ба ҳунарҳои кӯлолгарӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ, гилембофӣ ва наққошӣ ҷалб гардидаанд.
Қурбон АҲМАДЗОД,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.40.2018    №: 66    Мутолиа карданд: 224

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед