logo

маориф

ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки зодаи замони истиқлолият аст, ҳамасола дар асоси таҳия ва татбиқи нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Паём ҳамчун ҳуҷҷати самтнамо имкон медиҳад, ки шакл ва усулҳои нави ташкили таълимӣ ва корҳои илмию тадқиқотиро вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ ба роҳ монда, тавассути татбиқи консепсияҳои нави рушд мутахассисони соҳаи молия ва иқтисодро ба бозори меҳнат пешкаш кунем.
Вобаста ба ин, солҳои охир дар донишгоҳ бо истифода аз усулҳои муосири инноватсионии таълим ва татбиқи механизми электронии идоракунии муассисаи таълимӣ сатҳи сифати таълим баланд бардошта шуд. Имкон фароҳам омад, ки ташкили дурусти раванди таълим, рушди корҳои илмию тадқиқотӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди кору фаъолият, таҷдиду навсозии базаи моддиву техникӣ ва анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ донишгоҳ ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардад.
Баланд бардоштани сифати таълим, таҳия ва тасдиқи барномаҳои таълимӣ, воситаҳои таълимию методӣ, омода кардани кадрҳои илмию тадқиқотӣ, таъминоти иттилоотию иртиботии раванди таълим ва ташкили фазои мусоид барои фаъолияти технологию инноватсионӣ имконият дод, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар соҳиби мақоми чорум гардад. Ин масъулияти моро нисбат ба натиҷаи фаъолияти худ баланд намуда, ҷиҳати боз ҳам боло рафтани он ҳайати донишкада дар оянда кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Дар стратегияи рушди донишгоҳ  баланд бардоштани сифати  таълим  мақоми хос дошта, вобаста ба ин раванди таълимӣ ва натиҷагирӣ аз он ба таври ҷиддӣ назорат карда мешавад. Бо такя ба таваҷҷуҳи хосси Пешвои миллат ба масоили баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир дар сатҳи донишгоҳ, факултетҳо ва кафедраҳои марбута чорабиниҳои муайяни таълимию методӣ коркард, таҳия ва амалӣ карда мешаванд, ки воситаи муҳими такмили сифати таълим мебошанд. Бо мақсади таъмини методӣ ва баланд бардоштани сатҳи он дар соли сипаришуда аз ҷониби ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ 7 китоби дарсӣ, 22 васоити таълимӣ, 19 дастури методӣ, 17 барномаи таҷрибаомӯзӣ ва 25 монографияи илмӣ таҳия ва ба табъ расонда шуданд.
Бо мақсади тарғиби муҳимияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, донишҳои муосири касбӣ, бахусус омӯзиши фанҳои дақиқ синфхонаҳои лингофонӣ ва озмоишгоҳҳои муосири компютерӣ таъсис дода шудаанд, ки барои таҳсил заминаи мусоид фароҳам месозанд. Дар баробари ин, аксари аудиторияҳо ва толорҳои лексионӣ бо тахтаҳои электронӣ ва воситаҳои аёнии таълимӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, донишҷӯёну магистрон дар ҳамкорӣ бо Парки индустриалию технологии донишкада ба ихтироъкорӣ ҷалб карда мешаванд. 
Бо мақсади татбиқи нишондодҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат дар донишгоҳ ба омода кардани кадрҳои илмию педагогӣ ва муҳаққиқони ҷавону ихтироъкор аҳамияти махсус зоҳир шуда, ҳамасола натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии олимони донишгоҳ дар дохил ва хориҷи кишвар муаррифӣ ва дифоъ мешаванд. Таҳияи лоиҳаҳои илмӣ ва иҷрои мавзӯъҳои фармоишӣ низ ба самти афзалиятноки фаъолияти илмию тадқиқотии олимони донишгоҳ табдил ёфта, ҷалби грантҳо ва навиштани лоиҳаҳои илмӣ воситаи муҳими баланд бардоштани сифати корҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҷалби ҷавонон ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва ташкили маҳфилҳои гуногуни илмӣ имконият дод, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиада ва дигар озмунҳои сатҳи гуногун соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гарданд. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯсӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар донишгоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, дар ин самт низ мунтазам чорабиниҳои махсус роҳандозӣ ва баргузор мегарданд.
Донишгоҳ бо зиёда аз 70 муассисаҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотии хориҷ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Дар баробари ин, иштироки олимону мутахассисон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар чорабиниҳои илмӣ ва таълимии хориҷӣ тамоюли мусбат дошта, дар ояндаи наздик аксар ихтисосҳо аз аккредитатсияи байналхалқӣ гузаронда мешаванд. Тавассути иштирок дар ярмаркаҳои омӯзишӣ ва барномаҳои мубодилавӣ донишҷӯёни донишгоҳ дар бузургтарин донишгоҳҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ низ ба донишгоҳ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Шукрулло  ХАЙРЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.04.2018    №: 66    Мутолиа карданд: 414

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед