иҷтимоиёт
1940 ГЕКТАР МАСОҲАТИ ЗАМИНЕ, КИ АЗ МИНА ТОЗА ШУД
Солҳои 1992 - 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари таркиши мина ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ дар маҷмӯъ 868 нафар зарар дида, аз ин шумора 376 нафар ҳалок шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2000 дар баробари 163 давлат узви Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии онҳо мебошад.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо» (аз 15 июни соли 2016 таҳти №264) ба амал баровардани масъалаҳои вобаста ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо ба салоҳияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо» вогузор карда шудааст.
Аз суҳбат бо директори муассисаи мазкур Муҳаббат Иброҳимзода маълум шуд, ки айни ҳол дар ин самт як ташкилоти миллӣ - ротаи сапёрӣ - гуманитарии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду ташкилоти байналмилалӣ - Кумаки мардуми Норвегия, Фонди Швейтсарӣ оид ба безараргардонии минаҳо ва аз соли 2010 ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи сапёрии Тоҷикистон» фаъолият мебаранд.
Аз соли 2004 то 2017 бо фаъолияти ин субъектҳо дар 21 ноҳияи наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва минтақаҳои хавфноки марказӣ 19,4 километри мураббаъ (зиёда аз 1940 гектар) замин аз мина ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ тоза гардида, ҳамчун қитъаҳои бехавф ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои истифодаи доимӣ супурда шуданд.
Бино ба маълумоти директори марказ ба шахсони аз мина зарардида ҳамаҷониба кумак расонда мешавад. Дар ин робита марказ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд лагерҳои офиятбахшӣ, ташхиси тиббии ройгон, табобату истироҳати чунин шахсонро ташкил менамояд. Соли 2017- ум 75 нафари аз мина ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида, дар осоишгоҳи «Баҳористон» ва дармонгоҳҳои офиятбахшии тобистона истироҳат намуданд. Инчунин, бо лоиҳаҳои хурди даромаднок, аз ҷумла занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ, кишоварзӣ ва ғайра фаро гирифта мешаванд.
Аъзам МӮСОЕВ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.04.2018 №: 66 Мутолиа карданд: 280