logo

фарҳанг

ТОҶИКУ ӮЗБЕК МО НАЗДИКТАР АЗ ДӮСТЕМ

8 март мо, бонувон, Рӯзи Модарро бо тантана ҷашн гирифтем. Дар он рӯзи ид ба воситаи барномаи «Ахбор» - и телевизиони Тоҷикистон вохӯриеро, ки дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон бо бародарони ӯзбек баргузор гардид, тамошо карда, басо хушҳол шудем.
Ҳангоме ки ду хоҳар бо ҳам вохӯрдаву якдигарро оғӯш карда, аз хурсандӣ гиря мекарданд ва бародарони пир, ки ҳамдигарро дар овони ҷавонӣ дида буданду баъди солҳои тӯлонӣ ба шарофати ғамхории роҳбарони ду кишвари ҳамсояву дӯст ба дидор расиданд, дилам ба фараҳ омад. Аз шодӣ дар чашмонам ашк пайдо шуд. Ба онҳое, ки ин рӯзҳои некро барои мардуми тоҷику ӯзбек муҳайё намуданд, бо камоли мамнунӣ ташаккур гуфтам.
9 март барои пиру барнои халқҳои тоҷику ӯзбек басо хотирмон буд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба истиқболи меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рафта, бо меҳрубонии зиёд пешвоз гирифтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба воситаи телевизион тамошо карда, ниҳоят хуррам гаштам.
Он лаҳзае, ки роҳбарони кишварҳо якдигарро бо меҳрубонӣ ба оғӯши гарм мекашиданд, Президенти мо бо шодмонӣ чунин мисраҳоро аз Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода, бо дили пурмеҳр хонданд:
То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Баъди қабули пур аз меҳр байни роҳбарон маросими имзои шартномаҳо баргузор гашт, ки боиси хурсандии мардуми тоҷику ӯзбек гардид.
Дар вохӯриҳо лаҳзаҳои фараҳбахш зиёд ба чашм расиданд. Алалхусус ба имзо расидани созишнома аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкории муассисаҳои таълимии ду кишвар фоли нек аст.
Лаҳзае, ки мо аз он ниҳоят шод гаштем, ин ба некӣ ёд шудани бузургони аҳли қалами ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад. Дар суханрониҳояшон роҳбарони кишварҳо хотирнишон карданд, ки дӯстии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ бо адиби абадзиндаи ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва шоири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода бо Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ғафур Ғулом дар адабиёт абадӣ нақш бастааст. Ба шарофати ин бузургони адабиёт бисёр китобҳо бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ нашр шудаанд.
Он рӯзе, ки баҳои арзандаи ин адибонро дар соҳаи адабиёт аз суханрониҳои роҳбарони олимақоми тоҷику ӯзбек шунидам, хурсанд гаштаму ҳамоно ин шеъри  Шоири халқии Тоҷикистон устод Боқӣ Раҳимзода ба лавҳи хотирам расид, ки фармудаанд:
Фарқи ҳама мардумони дигар осон,
Лекин шуда мо ба ҳам чунон ҳам наздик.
Бинанда чунин саволе орад ба миён:
Эй ҷӯра, бигӯ ту ӯзбекӣ, ё тоҷик?
Раҳима АБДУЛҲАЕВА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.04.2018    №: 66    Мутолиа карданд: 283

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед