logo

фарҳанг

ЗАБОН. МО ВА ЗИЁИЁН

Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат, аз ҷумла таъкид гардидааст, ки мо – зиёиён дар тарғиби васеи комёбиҳои миллати тоҷик, ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолият, фарҳанги миллӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ ва мероси моддиву ғайримоддии халқамон на танҳо худ фаъол бошем, балки аҳли ҷомеаро ҳидояту раҳнамоӣ бикунем.

Воқеан, вазифаи ҷониву шаҳрвандиву миллии мо аст, ки ба наврасону ҷавонон ин роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дуруст ва рӯшан нишон бидиҳем. Омӯзишу омӯзондани таърихи халқу миллатамон дар иҷрои ин амри муҳим беҳтарин васила маҳсуб мешавад. Аз саҳифаҳои ин таърих ба корнамоиҳо ва ҷонфидоиҳои бемислу монанди абармардони миллат ошно мегардем. Пас аз ошноӣ ба он ҳар нафари солимақлу соҳибхирад мутмаин мегардаду бовар ҳосил мекунад, ки ниёгони пуршарафамон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, боло бурдани сатҳи маърифат бо шинохти масъулият фаъолияти чашмрас намудаанд. Албатта, дар баробари он бо чунин шахсиятҳои фарзонаву ҷонфидо бояд ифтихор бикунем ва аз худ бипурсем, ки мо ин сарзамини аҷдодӣ, ин Ватанро чӣ гуна ба насли наврас ба мерос мегузорем. Оё ояндагон аз хизматҳои имрӯзаи мо дар он рӯзгор қаноатманд мегарданд ва барояшон намунаи ибрат мешаванд?
Нақши калидӣ доштани забони миллӣ ба хотири муаррифии бештару беҳтари миллат ва дастовардҳои он дар тамоми таъриху шароитҳои сангинаш дар ин вохӯрӣ тазаккур дода шуд. Ҷойи шодиву мусаррат ва ифтихор мебошад, ки ҷаҳониён ва бузургтарин ховаршиносони дунё забони тоҷикии моро чун забони ноб, забони ширину шоирона ва шевотарин эътироф намудаанд. Инчунин, маҳз забонамон моро ҳамчун миллати мутамаддин на танҳо муаррифӣ мекард, балки аз нестшавӣ наҷот дод. Донистани ин забон ба он хотир низ зарур мебошад, ки бо осори арзишманди ниёгонамон ошно бигардем ва дар пайи ҳифзу нигаҳдорияшон ҳамеша тадбирандешӣ бикунем. Ҳанӯз ин ганҷи маънӣ ба пуррагӣ ва ҳам он тавре ки бояд, кашф нагардидааст. Ҳазорон асрори маънӣ дар онҳо ниҳон мебошад. Муболиға нест, агар мо бигӯем, ки он ба муъҷиза шабоҳат дорад ва ҷаҳон дар пайи даркаш оҷиз аст.
Ин забон ҳамеша ё худ давра ба давра дар ҳоли ташаккулу таҳаввул буд ва асрҳои аср нақши забони байналмилалиро иҷро менамуд. «Дар замоне ки мо ба сӯйи истиқлолияти миллӣ ва фарҳангӣ роҳ кушодаем, лозим аст, ки забони худро ба дараҷаи як забони шево тақвият бахшем, то ба корвони фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамсафарӣ карда тавонем», - таъкид доштанд Пешвои миллат. Дар зимни он хотирнишон сохтанд, ки зиёиён дар назди забон, адабиёт ва завқи мардум масъулияти зиёд доранд. Чунин як таъкиду хотирнишон намудан дар ҳолест, ки як гурӯҳ чи дар дохил ва чи дар берун аз кишвар мехоҳанд мисли солҳои 20 – уми асри гузашта мавҷудияти таърихии миллати тоҷик ва забони онро инкор бинамоянд. Ба бахти мо ва миллати шарифу азизамон агар дар он саргаҳ барои ҳифзу нигаҳдории миллат, забону мероси фарҳангӣ устод Садриддин Айнӣ меистоданду талош меварзиданд, дар ин саргаҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корнамоии бе мислу монанд нишон медиҳанд.
Дар ин вохӯрӣ боз бештару возеҳтар изҳор доштанд: «Мо бояд мафҳумҳои «миллати тоҷик», «забони тоҷикӣ», «таърихи тоҷикон», «фарҳанги тоҷикӣ» ва «адабиёти тоҷикӣ» - ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон оварем. Мо бояд ба омӯзиши забони адабӣ ё забони меъ-ёрии тоҷикӣ пайваста саъю кӯшиш кунем ва барои тозагии баён, ифодаи содаву равон ва саҳеҳии фикру андеша талош намоем».
Донистани забони миллӣ, инчунин, имкон фароҳам меорад, ки дигар забонҳо дуруст ва бо меъёрҳои заруриву муқарраргардида омӯхта шаванд. Барҳақ фармудаанд, ки:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забонаш осон гардад.

Дар асоси ин вохӯрӣ ва вобаста ба талаботҳои зикргардида мо дар донишкада нақшаи тадбирҳои муҳимеро, ки бояд амалӣ шаванд, тартиб додаем. Назорати иҷрои он дар маркази диққати масъулон аст. Насли нав-рас ё худ донишҷӯён тибқи талабот бояд дуруст ва беҳтар раҳнамоӣ шаванд. Омӯзгорон, олимон, мутахассисони мо ба ҳангоми таълиф, таҳриру такмили китобҳои дарсӣ ва дигар маводҳои илмиву таълимӣ, инчунин, гузариши дарсҳо муқаррароти мавҷударо дар бораи забони давлатӣ дар маркази диққат қарор медиҳанд.
Тавре бармеояд, талабот аз зиёиён ин бор бисёр ҷиддист ва ин ҷиддият аз моҳияти масъалаҳои мавҷуда, ки ҳаллашон ногузир мебошанд, маншаъ мегиранд.
Маҳмадулло РАҶАБЗОДА,
ректори Донишкадаи забонҳои
Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.04.2018    №: 66    Мутолиа карданд: 384

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед