logo

иҷтимоиёт

Фарзон Салимов: «ИН ҚАРЗИ ИНСОНИИ МАН БУД». ДАР РУСИЯ КОРНАМОИИ ТОҶИКПИСАРРО ҚАДР НАМУДАНД

Кумитаи тафтишоти Русия қаҳрамонии тоҷикписар Фарзон Салимовро, ки ҳангоми сӯхтори маркази тиҷоратии «Зимняя вишня»-и шаҳри Кемерово ҷони худро зери хатар гузошта, даҳҳо нафарро аз марг наҷот дод, бо медал қадрдонӣ кард. Сардори Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин ҳангоми супурдани мукофот ба ӯ ва се ҳамкораш аз МТ «Зимняя вишня» таъкид дошт, ки ин медалҳо ҷангиянд ва нафароне бо онҳо сарфароз мегарданд, ки воқеан ҷасорат нишон додаанд.
Фарзон Салимов мегӯяд, ки ин қадрдонӣ барояш ғайричашмдошт буд: «Ростӣ, ҳеҷ гумон надоштам. Чунки одамонро дар хатари марговар дида, бе дудилагӣ аз пайи наҷоташон шудам. Ин қарзи инсонии ман буд, на корнамоӣ. Бояд ҳатман гӯям, ки дигар бачаҳои тоҷик ҳам бисёр одамонро аз коми оташ халос карданд».
Дар сомонаи Кумитаи тафтишотии Русия доир ба рафтори фидокоронаи Фарзон Салимов навиштаанд, ки "Ҳангоми сӯхтор дар бораи худ фикр накард ва барои наҷоти одамон шитофт".
Тавре ин ҷавонмарди тоҷик нақл мекунад, аз сӯхтор ба ӯ ҷиянаш, ки дар маркази тиҷоратӣ ба ҳайси муҳофиз кор мекунад, хабар дод. Аз мағоза берун шуда, Фарзон одамони бисёреро дид, ки аз тарси ҷон худро ба чор тараф мезаданд. Чун рӯзи истироҳат буд, аксарият бо кӯдаконашон омада буданд. Аз ошёнаи боло низ волидон бо фарзандони хурдсол саросема мефаромаданд. Дар назди эскалатор мардуми бисёре ҷамъ шуда, намедонистанд куҷо раванд. Ҳаёҳуй, доду фарёд. Бӯйи ғализи дуд нафаскаширо торафт душвор месохт. Фарзон фаҳмид, ки зӯри эскалатор ба кашондани ин миқдор одам намерасад. Ҳамроҳи Маҳмуд Хоҷаев онҳоро бо роҳи эҳтиётии мағозаашон ба ошёнаи якум фароварда, боз ба ошёнаи дуюм давиданд. Охирин одами дар ошёнаашон бударо ба ҷои амн бурда, бори дигар боло баромаданд. Ду муҳофиз наздашон омада гуфтанд, ки дигар касе дар хавф нест ва бояд онҳо низ раванд, зеро бинои оташ-гирифта метавонад фурӯ равад. Танҳо баъди эътимод ҳосил намудан, ки дигар ҷони касе дар хатар нест, ҷавонмардони тоҷик ҳамроҳи муҳофизон маҳали фоҷиаро тарк карданд.
Тавре қаблан «Ҷумҳурият» иттилоъ дода буд, панҷ зодаи Тоҷикистон, кормандони мағозаи либосу пойафзоли МТ «Зимняя вишня», бо вуҷуди хатари марговар ҳамон рӯз беш аз 50 нафарро наҷот доданд.
Аз корнамоии онҳо дар расонаҳои Русия бо арзи сипос мақолаҳо дарҷ гаштанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо мардуми Кемерово, балки тамоми кишвар изҳори миннатдории самимӣ мекарданд. Владимир Соловёв, ровии маъруфи телевизиони "Россия 1” дар барномаи "Вечер с Владимиром Соловьевым” бошад, аз қаҳрамонии ин ҷавонмардон ситоиш карда гуфт: "Ана онҳо қаҳрамонанд! Ба онҳо бояд мукофот диҳанд!”
Хотиррасон мекунем, ки сӯхтори дар ин маркази тиҷоратии шаҳри Кемерово 25 март рӯйдода сабаби марги 64 нафар гашт, ки 41 нафарашон кӯдаконанд. Дар ин фоҷиа ҷасорату ҷоннисории Фарзон Салимов ва ҳамватанонаш  теъдоди қурбониёнро ба маротиб кам кард. Воқеаи мазкур бори дигар собит месозад, ки дар лаҳзаҳои душвору ҳалкунанда, сарфи назар аз хавфу хатар ҷавонони тоҷик дар фикри на ҷони худ, балки ҷони дигарон мешаванд. Тоҷикистон бо чунин фарзандони диловараш ифтихор мекунад.
Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.04.2018    №: 66    Мутолиа карданд: 548
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед