logo

сиёсат

ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ГУЛГАШТИ ХИЁБОНИ РӮДАКӢ

2 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо рафти корҳои сохтмонӣ дар гулгашти қисми ғарбии хиёбони Рӯдакӣ шинос шуданд.
Дар ин ҷо нахуст ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди гулгашти хиёбони Рӯдакӣ, ки дар қисми ғарбии Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, муаррифӣ карданд. Иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии гулгашти мазкур наздики 3 гектарро ташкил медиҳад.
Фармоишгар Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Озодӣ ва компания” мебошанд. Корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо аз моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, дар рафти бунёд то 200 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мебошад.
Аз рӯи маълумоти мутахассисони ширкати сохтмонӣ гулгашт мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо дизайни хеле замонавӣ бунёд карда мешавад. Майдони қариб 1 гектар замини гулгашт кабудизор карда шуда, сохтмони фаввораҳои гуногун, чароғонкунӣ, шинондани сафолакҳои ранга дар масоҳати 16 ҳазор метри мураббаи роҳравҳо, бунёди майдончаҳои бозии кӯдакона, қаҳвахонаи тобистона, гузоштани 60 адад курсӣ ва таъмини дигар инфрасохтори зарурӣ дар назар аст.
Баъди муаррифии лоиҳаи бунёди гулгашти хиёбони Рӯдакӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳамин ҷо дарахти шоҳбулут шинонданд.
Иқдоми бунёди ин гулгашт, ки дар як ҷойи хеле мувофиқу маркази хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст, ҳанӯз аз ҷараёни як маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буд. Ҳамон вақт роҳбарони аксар вазоратҳо, кумитаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ бо ҳисси баланди ватандорӣ уҳдадор шуданд, ки дар рушду пешрафти ҷомеа, шукуфоии диёр ва ободонии пойтахти кишвар саҳми муносиб мегузоранд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сохт-мончиён онҳоро ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят карданд. Бояд гуфт, ки тайи як соли охир бо бунёди иншооти гуногун, майдончаҳои бозии кӯдакона, варзишгоҳҳои муосир ва дигар корҳои ободонӣ аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Душанбе ва сокинони пойтахт шаҳри Душанбе хеле ободу зебо гардид. Мақсад аз бунёди гулгашт дар хиёбони Рӯдакӣ низ идомаи ҳамин корҳои созандагӣ мебошад.
Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд кардани чунин марказҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинон ва меҳмонони хориҷӣ ба манфиати кор аст.
Имсол, ҳамчунин, шаҳри Душанбе чун солҳои қаблӣ макони баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ мегардад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои давлатӣ бо истифода аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ дастур доданд, ки дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва маркази шаҳру ноҳияҳои пойтахт барои боз ҳам зебо шудани муҳити атроф гулу буттаҳо ва дарахтони зебои ороишӣ шинонанд.
Солҳои охир бо ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони соҳа аз кишварҳои хориҷ дарахтони ақоқиё, павлония, шоҳбулут, заранг, зерфун, секвоя, пихта, ҷалғӯза, коҷ, канзан, тӯс, магнолия, зарнаб, олу, буттаҳои ёси ҳиндӣ, сарв, садбаргу лолаҳои ранга ва дигар намуди ниҳолҳои дарахтони ороишию ба саломатии инсон фоидаовар ворид кардаанд.
Ҳамаи ин гулу буттаҳо ва дарахтони ба Тоҷикистон воридгардида ба иқлиму табиати биҳиштосои Тоҷикистон мутобиқ мебошанд ва айни ҳол боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакатро зебу зиннат медиҳанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.04.2018    №: 66    Мутолиа карданд: 266

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед