logo

Хабарҳо

Гӯшаи кишоварз

Оғози кишти пахта
Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кишти пахта оғоз гардид. Ба маъракаи кишт 1867 адад техника, аз ҷумла тухмипошак, сафарбар шудааст. Кишоварзон то 2 – юми апрел дар 42378 гектар пахта кишт намуданд, ки 22,6 %-и иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад.
Пахта маҳсулоти муҳими содиротии давлат ва ашёи хоми зарурӣ барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо назардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд мегардад. Кишоварзони ҷумҳурӣ соли ҷорӣ майдони кишти пахтаро ба 187500 гектар расонданианд.
Барои сари вақт ба анҷом расондани кишт аз ҳисоби мутахассисону масъулони соҳа ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шудааст.

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо
Мувофиқи маълумоти фаврии раёсати рустанипарварӣ,  имсол майдони умумии гармхонаҳо ба 76,9 гектар расонда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 10,9 гектар зиёд мебошад. Дар гармхонаҳо дар майдони 35,44 гектар помидор, 13,99 гектар бодиринг  ва 15,53 гектар сабзавоти дигар кишт шудааст. То 30 – юми март аз гармхонаҳо 260,1 тонна помидор, 96,7 тонна бодиринг ва 190,5 тонна сабзавоти дигар, ҷамъ 547,3 тонна маҳсулот истеҳсол гардид.

Кишти зироатҳои кишоварзӣ
Дурнамои кишти баҳории зироатҳои ғалладона имсол 104908 гектар муайян шудааст. Кишоварзон то 30.03.2018 дар майдони 72634 гектар кишти баҳории зироатҳои ғалладона гузаронданд, ки 69,2 дарсади иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад.
Дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ 102 дарсад иҷро гардид. Ба ҷои 7820 гектар то 30.03.2018 дар майдони 8009 гектар картошкаи барвақтӣ кошта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5131 гектар зиёд мебошад. Инчунин, дар майдони 16995 гектар (баробари 102 дарсади дурнамои солона) сабзавоти барвақтӣ кишт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4423 гектар зиёд аст.

Бунёди боғу токзор
Тибқи дурнамо, имсол дар майдони 3255 гектар бунёд намудани боғу токзори нав дар назар аст. То 30.03.2018 дар ҷумҳурӣ 1613 гектар боғу токзори нав ( 1498 гектар боғ ва 115 гектар токзор) бунёд ёфт, ки 49,6%-и иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад.
Дар талу теппаҳои бо намӣ таъмини вилоятҳои Хатлон 934     (79,8%) ва Суғд 386 (153,2 %) гектар боғу токзори нав бунёд ёфтааст.

Маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ ва шуъбаи иқтисоди “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 383

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед