logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Омӯзгор Ҷаҳонгул Табарова сӣ сол мешавад, ки ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд, ки шоёни таҳсин аст.
Охир заҳмати як омӯзгор на кам аз меҳнати меъморест, ки ҳар як хиштро  эҳтиёткоронаву моҳирона болои ҳам  мениҳад ва кохи устуворе барпо менамояд. Меъмор агар хишти гилӣ гузорад, устод хишти муҳаббат ва илму хирад мегузорад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки  Ҷаҳонгул Табарова бо заҳматҳои  кашидаи худ тӯли се даҳсолаи охир ба бинои камолоти садҳо нафар шогирди навхон, хишти аввалро рост  гузоштааст. Барояш байни хонандагон ва фарзандон ҳеҷ тафовуте вуҷуд надорад. Ба хонандагон чун ба фарзандони хеш бо чашми меҳр менигарад. Мекӯшад, ки ба ҳар фарди ҷамъият  дасти мадад расонад.  Бетафовутӣ ба тақдири ояндаи ҳар хонанда  аз нигоҳи ӯ кирдорест  нобахшиданӣ.  Бо вуҷуди ба воя расондани  ҳашт  фарзанду   оиладор  намудани онҳо, таълими бачагон дар муассиса, инчунин, боз ба ду нафар  маъюб дарсҳои инфиродӣ мегузарад.   
Ба чеҳраи ҳалимонаю хоксоронааш нигариста меандешам: «Ба пешаи омӯзгорӣ ҳамон шахсе  тоб меоварад, ки чун Ҷаҳонгул дили саршори муҳаббат ба хонандагону пешаи интихобкардааш дошта бошад».
Дар урфият мегӯянд: «Омӯзгори бошарафро мураббии бузурге тарбиятгар будааст».
Тавре ки ҳини суҳбат бо ӯ  маълум  гашт, солҳои аввали кори омӯзгорӣ дар муассиса мушкилӣ мекашид, вале омӯзгорони  собиқадор  ба мисли Шодӣ Турсунов,  Бибикалон Шоева ва Нарзулло Абдуллоев барояш маслиҳатҳо  медоданд.
Омӯзгори ҷавон буду орзу дошт, рӯзе мисли  устодонаш  дар мактаб соҳиби обрӯ ва мартабаи хос бошад. Ба ному нони омӯзгорӣ носипосӣ накунад. Имрӯз, хушбахтона Ҷ. Табарова, аз устодонест, ки  омӯзгорони ҷавон аз таҷрибаи кори ӯ  ибрат мегиранд. Шеваи кор, рафтору гуфтор ва садоқати касбияшро эҳтиром мекунанд. 
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.04.2018    №: 67    Мутолиа карданд: 262

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед