logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ - АБАРМАРДИ МИЛЛАТ

Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба аҳли зиё - адибон, рӯзноманигорон, олимону равшанфикрон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Бесабаб  набуд, ки се шахсияти маъруфи таъриху адаб Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода аз аввалинҳо шуда ба унвони  Қаҳрамони  Тоҷикистон  қадр гардиданд. Оре, месазад, ки ходими намоёни давлатию  сиёсӣ Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун олими нотакрор  дар қатори нобиғаҳои ҷаҳонӣ ном  бубарем.
Дар ташаккули шахсияти Бобоҷон  Ғафуров  чун  инсони  комилу ватандӯст - падараш  Ғафур  Сангинов деҳқон  ва коргари роҳи оҳан ва хусусан модари маорифпарвари ӯ шоира Розия Озод таъсири мусбат расондаанд.
Давраи ҷавонии Б. Ғафуров дар вазъияте мегузашт, ки ҷараёни сиёсӣ - иртиҷоии пантуркизм вуҷуд доштани  халқи тоҷикро инкор карда, Осиёи Миёнаро ба империяи “Туркияи  бузург” пайваст карданӣ буд. Фаъ-олияти илмӣ - эҷодии  Бобоҷон Ғафуров бояд исбот мекард, ки халқи тоҷик  аз давраҳои  қадим маълум ва машҳур аст.
Ҳанӯз дар солҳои 30 - юми асри ХХ  Б. Ғафуров ба омӯхтани  таърихи халқи тоҷик  шурӯъ намуда, соли 1941 дар мавзӯи “Таърихи тариқати исмоилия аз ибтидои асри ХIХ то ҷанги  якуми ҷаҳон”  рисолаи  номзадӣ  дифоъ кард.
Фаъолияти хуби ташкилотчигӣ, илмию  фарҳангӣ ва тарбиявии Бобоҷон Ғафуровро дар солҳои баъдиҷангии барқароркунии хоҷагии халқ ба назар гирифта, Пленуми ҳаждаҳуми КМ ҲК Тоҷикистон (3 - 5 июни соли 1946) ӯро Котиби якуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб намуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи панҷсолаи чорумро, ки  барқароркунии  хоҷагии  халқ  ном дошт, қабул намуд. Қобилияти хуби ташкилотчигии Б. Ғафуров буд, ки мардум тавассути мусобиқаҳои меҳнатӣ нақшаро дар муддати  4 солу 3 моҳ иҷро  карданд.
Яке аз масъалаҳои муҳим дар ҳаёти  ҷумҳурӣ ин сиёсати муҳоҷирати дохилӣ буд. Дар солҳои 1946 - 1950 ба ноҳияҳои пахтакори водии Вахш ва даштҳои Дилварзину Мирзочӯл мардуми ноҳияҳои баландкӯҳ ва сераҳолӣ  кӯчонда шуданд. Бо мақсади тайёр намудани  кадрҳои баландихтисоси соҳаи кишоварзӣ  курсҳои кӯтоҳмуддат ва мактабу техникумҳо таъсис ёфтанд.
Бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Б. Ғафуров марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ: Донишгоҳи  давлатии  Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон, 1948),  Академияи  илмҳои ҷумҳурӣ (1951) ва Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ( ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, 1956) таъсис  дода шуданд.
Мавсуф дар баробари сиёсатмадори барҷаста буданаш, инчунин, дар ташаккули ҳаёти илмӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ хизматҳои  босазое  кардааст. 25 феврали соли 1952 рисолаи докториашро дар мавзӯи “Таърихи халқи тоҷик” ҳимоя кард. Омӯзишу  таҳқиқи  таърихи  халқи  тоҷик  ва  таваҷҷуҳи  Бобоҷон Ғафуровро бар он ба назар  гирифта, соли 1956 ӯро директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин мекунанд. Бо  ёрии  амалии ӯ гурӯҳи муаллифон бори аввал таърихи халқи тоҷикро дар се ҷилду панҷ китоб  навишта, солҳои 1963 - 1965 дар нашриёти “Наука” - и  шаҳри Москва  чоп намуданд. Ӯ мактаби калон ва эътирофшудаи шарқшиносиро асос гузошт.
Аллома Бобоҷон Ғафуров барои навиштани  шоҳасари худ “Тоҷикон” зиёда аз  2000 сарчашмаи дохилӣ ва хориҷӣ, монография ва мақолаҳои илмиро истифода кардааст. Ин китоб дар баробари “Шоҳнома” - и Фирдавсӣ, “Таърихи Бухоро” ва “Таърихи Наршахӣ” - и  Абубакри Наршахӣ, “Сиёсатнома” - и Низомулмулк чун шиносномаи халқи тоҷик хизмат менамояд.
Тавассути фаъолияти илмӣ - ҷамъиятии ӯ дар байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, хусусан мамлакатҳои Шарқ муносибатҳои муътадили тиҷоратию фарҳангӣ ба амал омаданд.
Академик Б. Ғафуровро чун сиёсатмадори варзида дар миқёси ҷаҳон, хусусан  дар Шарқ мешиносанд. Б. Ғафуров барои мубориза баҳри пойдории сулҳи ҷаҳон бо  медали тиллои Шӯрои ҷаҳонии сулҳ ва Ҷоизаи байналмилалии  ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру қадр шудааст. Шоири машҳури  Покистон Файз  Аҳмад Файз соли 1978 оромгоҳи алломаро зиёрат  карда, чунин гуфта буд: “Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл фарзанди  бузургтарини Машриқзамин мебошад”.
Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.04.2018    №: 67    Мутолиа карданд: 334

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед