logo

фарҳанг

«ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИБТИДОИ ҚАРНИ XXI»

Зарурати ҳарчи зудтар таълифу тадвин кардани китобе андар шинохти донишмандони имрӯзаи мамлакат ва осори онон ба миён афтод, то бад-ин восита соҳибон ва мутахассисони бевоситаи мақолаҳои баъдӣ «кашф» шаванд ва бидуни такудавҳои пайдарпай ва гоҳе бенатиҷаи муҳаррирони муассиса кори таълиф аз ҷониби худи онҳо ва ё ба воситаи таҳрири энсиклопедии мақолаҳои санҷидашудаи мунташираи эшон осонтар гардад ва анҷоми корҳо суръати бештар гирад.

Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд дар навбати аввал донишномаи донишмандоне мураттаб гардад, ки эшон дар қайди ҳаёт бошанд, то ба воситаи огоҳӣ аз осори эшон битавон онҳоро ба навиштани мақолоти навбатии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ва дигар донишномаҳои соҳавии илмӣ ҷалб кард ё ақаллан мақолаҳои нашршудаи онҳоро дар таҳрири энсиклопедӣ ба китоб ворид намуд. Ин на танҳо ба кори тадвину таълифи ҷилдҳои навбатии ин китоб суръат мебахшад, балки сифати илмии онҳоро низ хеле боло мебарад, зеро ҳар мақолае, ки минбаъд интихоб мешавад, дар доираи таҳқиқоти чандинсолаи донишманде ё олимони шинохтаву эътирофшудаи соҳаи илме сурат мегирад.
Чун ҳамарӯза дар анҷуманҳои илмӣ, васоити иттилооти омма, китобҳо, маҷмӯаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, донишномаҳо ва амсоли инҳо дар хусуси теъдоди осори баъзе аз донишмандон ба иғроқ рафта, онҳоро аз садҳо то ба ҳазору яку ним ҳазори шубҳаангез муаррифӣ мекарданд, бад-ин хотир, дар тадвини ин китоб дар баробари номи китобҳо овардани унвони ҳама мақолаҳои илмии донишмандон (ки таҳти унвони «асарҳо» ёд мешуданд) зарур дониста шуд. Ин амал дар ҷилди аввал, ки инак, ба дасти хонанда мерасад, собит сохт, ки то ин ҷо донишманде ба назар намерасад, ки осори илмии ӯ аз 500 убур карда бошад. Аз ҷангалзоре бо номи «асарҳо» берун кашидани мақолаҳо, ташхиси онҳо аз ҷузваву дастурамалу китобҳо, ба низом даровардани кулли онон барои дарёфти ҷойгоҳи илмии донишмандон ва бад-ин восита муайян ва осон кардани роҳҳои ҳамкории муҳаррирони энсиклопедия бо эшон хеле мусоид барои тарафайн ва, албатта, муфидтар аз ҳама барои пешрафти кори донишномаҳои миллӣ ва умуман илми муосири тоҷик хоҳад буд.
Зарурати дигари падид овардани ин китоб вуҷуд надоштани маълумотнома – донишномаи умумиватание роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти илмии кулли донишмандони Тоҷикистон буд. Мутобиқи меъёрҳои таъйиншудаи Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ба ин китоби бузурги миллӣ танҳо донишмандоне ворид карда мешаванд, ки дорандагони унвони доктори илм бошанд. 
Илова бар ин, дар ин миён донишмандони дигаре ҳастанд, ки умуман унвони илмӣ надоранд, аммо таҳқиқоте анҷом додаанд, ки аҳамияташон на камтар аз рисолаҳои муътамади илмист. Акнун дар ин китоб донишмандони ба истилоҳ «бе унвони илмӣ»-е «кашф» шуданд, ки воқеан ҳам корҳои арзишманди илмӣ ва мондагореро ба анҷом расондаанд ва ҳатто дар соҳаҳои таҳқиқотии худ беназир будаанд, ки хонандаи арҷманд, ҳангоми мутолиаи китоб бо онҳо шинос хоҳад шуд. Яъне, дар китоб тамоми донишмандоне оварда шудаанд, ки таълифоти илмии эшон дар маҷаллаву китобҳои дастаҷамъонаи илмӣ (ё дар шакли китобҳои инфиродӣ) дар Тоҷикистон ва берун аз он ба табъ расидаанд, бидуни доштан ё надоштани унвони расмии илмӣ.
Агарчи ҷилди аввали ин китоб баъди даҳ соли шурӯи кор мунташир шуд, хонандаи гиромӣ ваоқиф бошад, ки минбаъд ҳар сол як ҷилди он ба табъ хоҳад расид.
Нурмуҳаммад АМИРШОҲӢ,
номзади илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.04.2018    №: 67    Мутолиа карданд: 316

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед