logo

иҷтимоиёт

ОБИ ФАРОВОНИ ВАТАН. БА ҚАДРИ ОН РАСЕМ

Рӯзгори одамонро бе об тасаввур намудан номумкин аст. «Ташнаро як қатра об аз ганҷи дунё беҳтар аст», - гуфтани мардум низ аз гаронии қадри ин неъмати бебаҳои табиат дарак медиҳад. Аммо баъзан ба қадри ин муъҷиза намерасем, ки боиси таассуф аст.
Ҷумакҳои об, хатҳои обгузаронии хонаҳои баландошёна бе мурватҳои қатъкунандаи фишори об ё дар ҳоли вайронианд. Баъзан шахсон ва корхонаҳои алоҳида низ партовҳои хешро ба оби ҷӯйбору дарёҳо мерезанд.
Алҳол дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо корхонаҳои хурду бузург мавҷуданд, ки  ҳамаи онҳо ба об эҳтиёҷ доранд. Барои истеҳсоли як тонна арзиз 120 метри мукааб, як тонна пахта 10 ҳазор метри  мукааб ва як тонна моддаи кимиёӣ  2000  метри мукааб об даркор аст. Собит шудааст, ки аксари бемориҳо аз ифлосии об ба амал меоянд.
Амалисозии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки расман дар Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март барои даҳ соли дигар шурӯъ гардид, эътибори Тоҷикистон ва боиси ифтихори мо – сокинони он аст. Аммо дар баробари ифтихор мо бояд масъулияти калон дошта бошем.   
Бузургдошти об бояд вазифаи инсонии ҳар як шаҳрванди ватандӯст бошад. Бинобар ин,  обро бояд муқаддас донему аз он сарфакорона истифода барем ва ба қадри оби фаровону арзони Ватан расем.
Ҳотами ҲОМИД,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.04.2018    №: 67    Мутолиа карданд: 223

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед