logo

туризм

САЙЁҲӢ. ТАШРИФИ НАХУСТИН ГУРӮҲИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ ТАРИҚИ ҚАТОРА БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ширкати сайёҳии ватании «Ориён Адвентур» дар ҳамкорӣ бо ширкати  “Lernidee Erlebnisreisen GmbH” - и давлати Олмон ташрифи гурӯҳи сайёҳони хориҷиро ба Хатлон ташкил менамояд.
Ширкати мазкури хориҷӣ бо кушода шудани роҳи оҳани Термез – Бохтар (Қӯрғонтеппа) тасмим гирифт, ки моҳҳои июн, август ва октябри соли ҷорӣ боздиди 3 гурӯҳи сайёҳонро (ҳар гурӯҳ зиёда аз 100 нафарӣ) ба Хатлонзамин ташкил намояд.
Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкорӣ ва сайёҳӣ барои боздид аз имкониятҳои сайёҳии кишвари мо марҳила ба марҳила афзуда, дар ин ҷода бунёди инфрасохтори аввалиндараҷа, аз қабили кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ, автомобилӣ ва роҳи оҳан, роҳандозии имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, муаррифии захираҳои сайёҳии мамлакат дар бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ мусоидат намуда истодааст.
Натиҷаи иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, аз ҷумла Намоишгоҳи калонтарини байналмилалии сайёҳии ITB Berlin-2018, ки дар он намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ширкат варзида, имкониятҳои сайёҳии Ватанамонро муаррифӣ карданд. Ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои хориҷи дуру наздик шартномаҳои зиёди ҳамкорӣ бастанд ва иштирок дар ин намоишгоҳи бонуфузи байналмилалӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овард. Сафари дар назар будаи гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ маҳз натиҷаи талошҳои пайвастаи масъулону ҳавасмандони рушди соҳа мебошад, ки нуфузу эътибори кишвари моро ҳамчун макони сайёҳӣ дучанд мегардонад.
Ёдрас мешавем, ки вилояти Хатлон барои рушди сайёҳии экологӣ ва таърихию фарҳангӣ, хеле мувофиқ буда, махсусан мақбараи Мир Сайид Али Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб, Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, оромгоҳи Хоҷа Машҳаду мавзеи Чилучорчашма дар ноҳияи Шаҳритуз, оромгоҳи Зайналобуддин дар ноҳияи Дӯстӣ, мазори Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг, Шаршараи “Сари Хосор” дар ноҳияи Балҷувон, Чилдухтарон дар ноҳияи Муъминобод, Тахти сангин дар Қубодиён ва даҳҳо дигар мавзеъҳо, таваҷҷуҳи шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб кардаанд.
Айни ҳол, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ маводҳои зиёди иттилоотӣ аз нашр бароварда шудаанд, ки  маконҳои тамошобоби вилояти Хатлонро фаро гирифта, ройгон  миёни ҳаводорони сайру саёҳат тавсеа гардида истодаанд.
Қобили зикр аст, ки ширкати сайёҳии «Lernidee Erlebnisreisen GmbH»  тавассути қатора сайёҳонро ба Осиёи Миёна ва дигар кишварҳо барои саёҳат хизматрасонӣ намуда, дар соҳаи сайёҳӣ таҷрибаи бузург дорад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.04.2018    №: 67    Мутолиа карданд: 760
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед