logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН. ТАЪРИХИ НАВИНИ ҲАМСОЯДОРӢ

Чандест, ки шодию нишоти ду мардуми таърихан ба ҳам дӯсту бародари тоҷик ва ӯзбекро ҳадду канор нест. Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  9-10 марти соли ҷорӣ сурат гирифт, дарвозаи ҳамдилию ҳамкорӣ ва дӯстию бародарии ду миллати ба ҳам қаринро аз нав кушод.
Вобаста ба дӯстии ин ду миллат суханони сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ ба ёдам меояд, ки гуфта буданд: «Тоҷику ӯзбек як миллати дузабонанд». Воқеан, вақте кас саҳифаҳои таърихи ду халқи бародарро варақгардон мекунад, рӯшан мегардад, ки онҳо дар дину оин, урфу одатҳои миллӣ, то андозае қаринанд, ки миёнашон фарқ гузоштан мушкил аст.
Мутафаккири варзидаи тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бо сардафтари адабиёти классики ӯзбек Мир Алишери Навоӣ робитаи дӯстию бародарие доштанд, ки то охири умрашон бо як ихлосмандию самимият идома кард. Алишери Навоӣ дар рисолаи худ «Хамсат – ул - мутаҳҳирин» аз он ёдовар мешавад, ки ҳанӯз ҳангоми 15 - 16 - сола буданаш бо  Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ робитаи дӯстӣ пайдо намуд ва дар ҳар кор аз ӯ маслиҳат мепурсид. Маҳз бо талошу роҳбарии ин саромадони илму адаб замоне дар шаҳри Ҳирот як доираи адабӣ ташкил шуда буд, ки бо ду забон шеърҳо ва дигар рисолаҳои илмӣ эҷод мекарданд. Ҳамин гуна самимияту муҳаббат ба ҳамдигар то кунун риштаҳои дӯстиву ҳамдилии тоҷикону ӯзбеконро поянда, балки таҳким бахшидааст.
Таърих гувоҳ аст, ки устод Айнӣ чандин асарҳои хешро бо забони ӯзбекӣ таълиф карда, бо ин восита ҳиссаи хешро дар тарбияи нависандагони ӯзбек гузошта буд. Ин аст, ки нависандаи ӯзбек Ғафур Ғулом Садриддин Айниро бо ифтихор устоди худ медонад.
Адиб ва шахсияти шинохтаи олами сиёсат Шароф Рашидов дар мавриди Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода навишта буд: «Мирзо Турсунзода на танҳо шоири тоҷикон, балки шоири мо ӯзбекон ҳам ҳаст».
Мо дӯстию бародарии ин ду миллатро сар то қадамаш, дар корҳои маҳалдорию, маъракаҳои ҳамсоягӣ ва ҷои кору хизмати ҳарбӣ хуб эҳсос мекунем.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Восеъ низ  хонандагони тоҷику ӯзбек дар як муассиса ба таълиму тадрис машғуланд. Дар ин замина баробарҳуқуқии онҳо ҳамеша таъмин буда, ба ҳеҷ як тараф зимни таълиму тадрис авлавият дода нашудааст.
Таърихи навини давлатдории мо шаҳодат медиҳад, ки аз ибтидои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими муносиботи неки ҳамсоядорӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Роҳбарияти олии мамлакат бо назардошти муштаракоти таърихиву фарҳангии тоҷикону ӯзбекон дар ҳеҷ як марҳила муносибати дӯстонаро бо ҳамсояи наздикамон - Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфи назар накарда, балки ҳамеша дар талоши таҳкими равобит буданд. Чунин фитрати баланду оянданигарона буд, ки имрӯз дар муносиботи байнидавлативу хешутабории ду халқи бародар марҳилаи нави дӯстӣ ба миён омада, дарвозаҳои меҳру муҳаббат ба рӯи ҳамдигар боз шуданд.
Рустам СОЛИҲОВ,
сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.04.2018    №: 67    Мутолиа карданд: 496
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед