logo

иқтисод

МОИ “ДАНҒАРА”. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

Муҳимтарин воқеае, ки вақтҳои охир дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба амал омад, аз НБО-и «Сангтӯда-1» ва зеристгоҳи “Шар - Шар” овардани хатҳои баландшиддати барқу насби ду трансформатори чинии иқтидораш 125 - мегаваттӣ буд.  Бунёди зеристгоҳ  ва кашидани хати барқи баландшиддат маънои онро дорад, ки дар натиҷаи ин ҳама тадбирҳои муҳим умдатарин мушкил - таъмини субъектҳои минтақа бо барқ аз байн бардошта мешавад. Суҳбати муовини сардори МОИ «Данғара» Сафаралӣ ТАЙФУРОВ бо хабарнигори «Ҷумҳурият» аз ҳамин мавзӯъ оғоз ёфт.

Дастгирии истеҳсолоти ватанӣ зарур аст
- Айни замон миқдори субъектҳои қайдшудаи минтақа ба 31 адад расидааст ва 21 - тои онҳо фаъоланд. Бо иқтидори мавҷуда ин ҳамаро бо барқ таъмин кардан имкон надошт. Аз ин рӯ, имзои созишнома бо ширкати чинии «Шанси»-ро метавон муҳимтарин воқеаи соли гузашта ҳисобид. Ширкат дар муддати кӯтоҳ ду хати баландшиддати барқ аз НБО «Норак» ва «Сангтӯда-1» бо тӯли 15 километр, хати интиқоли барқ бо дарозии 25 километр аз зеристгоҳи «Шар-Шар» оварда, дар минтақа зеристгоҳ сохта истодааст. Акнун мо имкон дорем, ҳам корхонаҳои феълӣ ва ҳам баъдинаро дар муҳлатҳои наздиктарин пурра бо неруи барқ таъмин созем. Инчунин, барои таъмини аҳолии деҳоти атрофи минтақа бо барқ шароит фароҳам меояд.
- Шумо миқдори кунунии субъектҳои минтақаро зикр кардед. Дар ин миён оё корхонаҳои нав низ ҳастанд ва ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ кардаанд? 
- Соли гузашта чор субъекти нав ба қайд гирифта шуд. Ду ширкат аз ҳисоби сармояи хориҷӣ, дуи дигар бо маблағи инвесторони ватанӣ. Рӯзҳои наздик ба қайд гирифтани боз ду субъекти нав дар назар аст, яке пурра аз ҳисоби маблағи соҳибкорони маҳаллӣ, ки ба истеҳсоли зарфҳои пластикӣ машғул  мешавад. Корхонаи дуюм ҶДММ “ДАВО” аз ҳисоби маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва мисрӣ бунёд хоҳад шуд, барои истеҳсоли дору ва маводи доруворӣ бо истифодаи гиёҳҳои шифобахши кишвар. Бештар аз 20 намуд доруворӣ чун маҳсулоти воридотивазкунанда бароварда мешавад.
Ҳамчунин, як корхонаи нав аз ҷониби ҶДММ «Лолазор - 88» мавриди истифода гашт, ки масолеҳи сохтмонӣ - саноатӣ истеҳсол мекунад.
Соли 2017 сохтмони корхонаи калони истеҳсоли рангҳои синтетикӣ ва андоваҳои пардозӣ аз тарафи ширкати «Ғаюр» оғоз ёфт ва дар назар аст, ки нимаи аввали ҳамин сол маҳсулот хоҳад баровард. Айни замон дар корхона насби таҷҳизот ба анҷом мерасад. Махсус зикр карданиям, ки то вақтҳои наздик ин намуд мол ба бозори кишвар қариб пурра аз хориҷа ворид мегашт. Яъне корхона маҳсулоти воридотивазкунанда мебарорад.
- Зимнан, муваффақияти калони корхонаи қубурҳои пластикиро, ки бештар аз нисфи маҳсулоти соли гузашта дар минтақа истеҳсолшуда ба он рост меояд, чӣ тавр тавзеҳ медиҳед?
- Корхонаи мазкур, ки ҶДММ “Тоҷпласт-1” бо таҷҳизоти муосир бунёд кардааст, аз калонтарин истеҳсолоти минтақа ба шумор рафта, порсол ба маблағи 10 миллион сомонӣ қубурҳои полиэтиленӣ баровард. Дигар корхонаҳо дар маҷмӯъ ба миқдори 9 миллион сомонӣ. Ба маҳсулоти хушсифати корхонаи зикршуда дар бозори дохилӣ талабот калон аст. Хосса корхонаҳои калонтарини кишвар, аз ҷумла неругоҳи бунёдшавандаи “Роғун”. То қарибӣ ин намуди молро пурра аз хориҷа меоварданд. Чунин корхона дар вилояти Суғд ва ноҳияи Ваҳдат низ амал мекунад.
Ин корхонаҳо метавонанд ниёзи бозори дохилиро бо ин навъи мол пурра таъмин созанд. Мушкилот дар дигар ҷост ва дар ин иртибот мақоли “оби дари хона - тира” ба ёд меояд. Мо аз ҳисоби қарзҳои беруна, грантҳо иншооти гуногун месозем, аз ҷумла бо обёрии дашти Данғара машғул мешавем. Дар худи ноҳия низ чунин корхона ҳаст. Лекин аз чӣ бошад, ки ташкилоти масъул қубурҳоро на аз он корхона, балки аз хориҷа харидорӣ мекунад. Ва чунин муносибат на танҳо дар инҷост. Ин на танҳо исрофкорӣ, балки сарфи назар кардани дастгирии истеҳсолоти ватанист. Ҳол он ки супориши махсуси Ҳукумати кишвар ҳаст, ки дар навбати аввал маҳз маҳсулоти корхонаҳои дохилӣ харидорӣ шавад, яъне истеҳсолоти ватанӣ дастгирӣ гардад.
- Чун сухан аз маблағ рафт, бамаврид аст пурсидан, ки масъалаи ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ ба минтақа чӣ гуна аст?
- Аз оғози фаъолияти истеҳсолии МОИ “Данғара” то имрӯз ҷалби маблағ ба беш аз 1,5 миллиард сомонӣ расидааст. Танҳо соли гузашта ҳаҷми сармоягузорӣ  зиёда аз 91 миллион сомониро ташкил дод, ки дар байни чор минтақаи мавҷуда натиҷаи беҳтарин мебошад. Бо кӯшиши маъмурият роҳҳои дохилӣ сохта шуд, дар навбат сохтмони хати қубурҳои обпарто, лоиҳаи хати дуюми об ба минтақа низ таҳия шуд ва ҳамин сол ба сохтмонаш шурӯъ мекунем. Чун теъдоди субъектҳо пайваста меафзояд, иқтидори кунунии хати оби мавҷуда кофӣ нест ва андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд.

“ТК  Ойл”: мушкили ғайричашмдошти ба кор даровардани он
- Албатта, ин ҳама пешравиҳо назаррасу хурсандибахшанд ва шаҳодати онанд, ки МОИ “Данғара” марҳилаи ташаккулро паси сар гузошта, ба марҳилаи рушд шурӯъ кардааст. Бешак, ин раванд хеле авҷ мегирифт, агар иншооти калонтарини он - корхонаи коркарди нафт “ТК Ойл”   ба кор андохта мешуд. Баъди борҳо мавқуф гузоштани бакордарории он чанде пеш хушхабаре шунидам, ки “ТК Ойл” ба оғози фаъолият комилан омода аст. Воқеан, ҳамин тавр?  
- Дар ҳақиқат, сохтмони навбати аввали корхонаи коркарди нафт пурра ба анҷом расонда шудааст. Иқтидораш дар як сол коркарди тақрибан 500 ҳазор тонна нафти хом аст. Вале аз сабаби набудани хати роҳи оҳан ба кор даровардани он ғайриимкон мебошад. Ҳаҷми ҳамлу нақли бори корхона ниҳоят калон буда, бо нақлиёти автомобилӣ онро кашондан аз ягон ҷиҳат созгор нест. Аз ин рӯ, маъмурияти минтақа якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати нақлиёт, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара барои таҳияи лоиҳаи хати роҳи оҳан комиссияи муштарак созмон дод.
Маъмурияти минтақа ба худкифоӣ гузаштааст
- Афзоиши теъдоди корхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулот дар минтақа маънои зиёдшавии имконияти молиявии маъмурият аз ҳисоби пардохтҳои андоз ва боҷи гумрукиро низ дорад? 
- Ишораатонро фаҳмидам. Воқеан, чунин аст. Метавонам гӯям, ки айни замон маъмурият пурра аз тариқи худкифоӣ фаъолият мекунад. Яъне агар қаблан барои пешбурди кори он аз ҳисоби Буҷети давлат соле 400 ҳазор сомонӣ мегирифтем, аз моҳи сентябри соли 2017 маблағгузории давлатӣ барои фаъолияти маъмурият анҷом ёфт, яъне мо маошамонро аз ҳисоби фаъолияти худ таъмин мекунем.
Маблағгузории инфрасохторӣ ҳам бо афзудани имкониятҳои молиявии маъмурияти минтақа кам шуд ва ҳоло он 1 миллиону 80 ҳазор сомонист. Агар соли 2017 МОИ “Данғара” аз ҳисоби буҷет 1,4 миллион сомонӣ гирифта бошад, дар навбати худ ба буҷет 3,5 миллион сомонӣ ворид намудааст. Аз ҳисоби ду намуд андозе (андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ), ки субъектҳои хоҷагии минтақа пардохтанд. Аз маблағи зикрёфта 0,6 миллион сомонӣ пардохти гумрукӣ мебошад.
- Агар хато накунам, соли 2016 ин нишондиҳанда 5,2 миллион сомонӣ буд. Сабаби қариб ду миллион сомонӣ кам шудани воридоти андоз дар чист?
- Ширкати “Дупек” - пудратчии сохтмони корхонаи коркарди нафти “ТК Ойл” аз фармоишгар, яъне “ТК Ойл” маблағи корҳои иҷрокардаи худро гирифта натавонист. Сабаб ҳамин. Дар навбати худ ширкати “ТК Ойл” аз “Агроинвестбонк” маблағҳои худро сари вақт гирифта наметавонад ва ин ҳолат қариб ду сол идома дорад. Чунин муносибати ниҳоди молиявӣ, бешубҳа, боварии ширкату инвесторони хориҷиро ба кафолатҳои эълонкарда кам мекунад.
- Шояд чунин муносибати нораво аз пурра дарк накардани он низ сар зада бошад, ки ин иншооти азим барои ҷумҳурӣ то чӣ андоза манфиат меорад. Аз ин рӯ, бамаврид мешуд, агар ба ҳамин ҷиҳати масъала рӯшанӣ меандохтед?
- Дар сурати пурра ба кор даромадан он соле аз 1,2 миллион тонна нафти хом маҳсулот мебарорад, ки Тоҷикистон ягон вақт корхонае бо чунин иқтидор надошт. Вақте ман дар роҳи оҳани Тоҷикистон фаъолият доштам, боркашонӣ тавассути роҳи оҳан 13,5 - 14 миллион тонна/километрро ташкил медод. Айни замон ин рақам ҳамагӣ 3,5 - 4 миллион аст. Ба минтақа барои “ТК Ойл” 1 миллиону 200 ҳазор тонна ашё барои коркард кашонда мешавад. Бо роҳи оҳан, на бо нақлиёти автомобилӣ, ки хароҷоти ниҳоят калон дорад. Агар 300 - 400 ҳазор тонна маҳсулоти баровардааш дар дохили мамлакат истифода гардад, боқӣ берун аз ҷумҳурӣ содир мешавад. Яъне роҳи оҳан танҳо аз ҳисоби як завод соле қариб дуюним миллион тонна бор мекашонад. Ва табиист, ки ба ин васила пули хуб ба даст меорад.
Дар корхона 600 нафар меҳнат хоҳад кард, ки аз ҳисоби онҳо аз пардохти ду намуд андоз, мувофиқи ҳисобу китобҳо, қариб 18 миллион сомонӣ ба буҷети ноҳия зам мешавад.  
Тибқи нақша ширкати “ТК Ойл” барои дар дохили ҷумҳурӣ фурӯхтани маҳсулоти худ беш аз 300 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бунёд мекунад, ки дар ҳар кадоми он қариб 10 нафар соҳиби ҷои кор мешавад. Яъне боз 3 ҳазор одам бо ҷои кор таъмин мегардад. Барои ба НФС-ҳо кашондани сӯзишворӣ то 100 мошин ва ҳамин миқдор ронанда зарур мешавад. Ин аст, зикри нопурраи судмандии як корхона. Он, воқеан, азим асту агар дар оянда боз се - чор чунин корхона дар минтақа бунёд шавад, бешубҳа, Данғара аз марказҳои саноатии мамлакат мегардад.

Тафсири қонун “аз даричаи манфиатҳои худ” норавост
- Чун масъалаи душвориҳои имрӯзаи МОИ баромад, бамаврид аст зикр кардан, ки Пешвои муаззами миллат  дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ диққати хосса дода, аз ҷумла гуфтанд: “Дар баробари ин, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба ҷалби сармоя ва ташкили инфрасохтор бояд тақвият дода шавад. Ҳукумати кишвар бояд мушкилоти ҷойдоштаи минтақаҳои озоди иқтисодиро ҳаматарафа омӯхта, барои тақвият бахшидан ба фаъолияти онҳо ва ташкили дигар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳудуди мамлакат тадбирҳои иловагиро амалӣ намояд”. Дар манзари ин супориши Ҷаноби Олӣ Шумо баррасӣ ва ҳалли кадом масъалаҳоро дар навбати аввал барои тавсеаи фаъолияти минтақаҳо муҳим мешуморед?
- Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар сурати дуруст ташкил кардани кор метавонанд муҳаррики рушди иқтисоди миллӣ, тиҷорати беруна ва сармоягузории мустақими хориҷӣ, ҳамчунин, сиёсати комилтари иқтисодӣ ва ислоҳот гарданд. Сарвари давлат зимни ҳар сафарашон ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамчунин, дар паёмҳояшон ҳамин нуктаро пайваста таъкид мекунанд. Сармоягузорон, соҳибкорон ва ширкатҳо ба МОИ ҳамон вақт мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки он инфрасохтори мукаммали замонавӣ дошта бошад. Дар ин самт бояд рӯирост гуфт, ки дар МОИ “Данғара” мушкилоти ҳалталаб кам нест. Ин, пеш аз ҳама, масъалаи маблағ аст. Яъне сохтмону мумфаршсозии роҳҳои дохилӣ, таъминот бо обу барқ, сохтмони роҳи оҳан, деворбандии ҳудуди минтақа ва ғайра маблағи калонро тақозо доранд ва соле каму беш аз 1 миллион сомонӣ маблағи ҷудошаванда кофӣ нест.
Ин ва дигар мушкилоти мавҷуда тақозо менамояд, ки дар ҳалли саривақтии онҳо аз иқдомоти ҷиддитар кор гирифта шавад.
- Оё роҳбарияти минтақа доир ба роҳҳои ҳалли чунин мушкилот, ки бешак, танҳо бар зарари коранд, пешниҳодоти мушаххас дорад?
- Дар иртибот бо мушкилоти мавҷуда  мо дар асоси таҷрибаи дар шаш -ҳафт соли охир андӯхта ба Ҳукумати кишвар чанд тағйиру илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ” пешниҳод кардем. Аз ҷумла, дар масъалаи ворид намудани маҳсулот аз хориҷа. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаи озоди иқтисодӣ” дар ин бобат муқаррар шудааст, ки “тибқи рӯйхате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд”. Муқаррароти мазкур ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Мувофиқи тартиботи феълӣ аввал зарурати мол бояд асоснок карда, сипас бо қарори дахлдори Ҳукумати кишвар он ба рӯйхати махсус ворид карда мешавад. Ин мувофиқакунӣ аксар вақт то ним сол кашол меёбад. Дар ин муддат талаботи бозор метавонад тағйир ёбад. Агар тибқи пешниҳоди мо ин кор бо салоҳдиди маъмурияти минтақаи озод  ба роҳ монда шавад, ҳам ним сол беҳуда намеравад ва ҳам талаботи бозор сари вақт ба инобат гирифта мешавад. Инчунин, дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ки мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ аст, мо якчанд тағйиру иловаҳоро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” пешниҳод кардаем, ки айни ҳол онҳо дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд.

Дар Данғара автобусҳои “Исуси” баровардан мехоҳанд
-  Чанде пеш дар Данғара шумо бо сармоягузорони турк мулоқот доштед. Он бо чӣ натиҷа анҷом ёфт?
- Онҳо бо шарту шароити минтақа шинос шуданд.  Имконияти дар минтақа бунёд кардани корхонаи ҷамъу васли автобусҳои мусофирбари “Исуси”-ро аниқ кардан мехоҳанд. Бале, ҳамон автобусҳое, ки як миқдор барои шаҳри Душанбе харида шуданду ба сокинони пойтахт писанд омаданд. Ба гуфтаи сармоягузорони Туркия, дар бозори нақлиёти мусофирбари Осиёи Миёна чунин мол талаботи зиёд дорад ва ягона корхонаи ҷамъу васли автобусҳои кореягӣ, ки дар Ӯзбекистон фаъолият дорад, ин ниёзро алъон пурра қонеъ сохта наметавонад. Аз ин рӯ, ба роҳ мондани истеҳсоли он дар МОИ “Данғара” ҳам ба фоидаи бозори мо хоҳад шуд ва ҳам бозори минтақа, инчунин, Афғонистону Покистон.
Сарфи назар аз мушкилот, мо дастгирию ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳуриро пайваста эҳсос мекунем ва ҷидду ҷаҳдамон ба он нигаронда шудааст, ки натиҷаҳои фаъолияти минтақа торафт боло раванд. Айни замон дар ин ҷо ҳар чи бештар техникаю технологияи пешқадам корбаст мешавад, истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда ва содиротӣ меафзояд, ҳамчунин, теъдоди мардуми маҳаллӣ соҳиби ҷои кор ва маоши хуб мегарданд.
Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.04.2018    №: 67    Мутолиа карданд: 262

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед