logo

сиёсат

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ҲАМКОРИҲО БО ЮНЕСКО

Тоҷикон яке аз қадимтарин халқҳои бумии Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, тӯли таърихи мавҷудияти хеш дар ташаккули фарҳанги моддӣ ва маънавии башарият нақши босазо гузоштаанд. Бинобар ин, аз оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳим - ин тарғиби дастовардҳои маънавиву моддии кишвар ва шиносондани тоҷикон ба ҷаҳониён чун халқи тамаддунофар ва фарҳангзо буд. Бо дарки ин матлаб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош кардаанд, ки барои рӯнамоии дастовардҳои маънавиву моддӣ ва эҳёи мақоми таърихиву фарҳангии халқи тоҷик дар баробари зарфиятҳои дохилӣ, ҳамчунин, имкониятҳои созмонҳои байналмилалӣ, хосатан ЮНЕСКО, ба таври густурда ба кор гирифта шавад.
ЮНЕСКО - Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг - ташкилотест, ки ҳадафаш саҳмгузорӣ дар кори сулҳи олам ва қатъи низову муноқишаҳо аз роҳи тарғиб, ташвиқ ва пешбурди ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг аст. Тоҷикистон баъд аз касби Истиқлолияти давлатӣ 6 апрели соли 1993 расман узви комилҳуқуқи ЮНЕСКО интихоб гардид ва, инак, 25 сол мешавад, ки бо ин созмон ҳамкории босамар дорад.
Бо ҳидоятҳои Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи роҳандозии ҳамкориҳои густардаро бо ЮНЕСКО дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии хеш қарор дода буд. Зеро ин созмон саҳнае барои густариш ва таҳкими робитаҳои бисёрҷонибаи фарҳангӣ бо ҷаҳони имрӯз ва муаррифии хадамоти арзишманде, ки ниёкони мо барои фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ анҷом додаанд, ба шумор меравад. «Мо фақат бо фаъолияти муштарак метавонем, ки ғояҳои наздикшавӣ ва ҳамкориҳои тамаддунҳоро дар амал татбиқ намоем. Ин ба мақсадҳои олии Созмони муътабари байналмилалӣ ЮНЕСКО мувофиқ хоҳад буд», - гуфтаанд Пешвои миллат роҷеъ ба ҳамкорӣ бо ин созмон.
Баъди касби узвият дар ЮНЕСКО, бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1994, таҳти № 305, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки он абзори муҳими кишвар ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо бо ин созмон дар ҳамаи самтҳои фаъолияти он маҳсуб мешавад.
Соли 2005-ро метавон соли рушди чашмгири ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО номид, зеро дар ин сол сафари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи марказии ин созмон баргузор шуда, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки роҳро барои ҳамкориҳои самараноки минбаъдаи ҷонибҳо боз кард. Пешвои миллат аз минбари баланди ин созмони бонуфуз эълом доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи неруи фарҳанг ва омилҳои ахлоқиву маънавӣ ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, масъалаҳои маърифату фарҳанг, бахусус эҷоди фарҳанги сулҳ талошҳои рӯзафзун ба харҷ дода мешавад. Сарвари давлат таъкид карданд, ки “асри XXI аз мо ахлоқи ҳамидаро тақозо дорад. Агар тамоми аҳолии сайёра ба кодекси ахлоқии ягона пойбанд бошанд, он гоҳ арзишҳои умумибашарӣ пойдор мемонданд ва иддаоҳои бартарии як идеология бар идеологияи дигар, як ҷаҳонбинӣ бар ҷаҳонбинии дигар ба боди фаромӯшӣ супурда мешуд”. Суханронии Президенти Тоҷикистон ба ҳайси паёми ахлоқиву маънавии Сарвари навандеш ва пешоҳанги сулҳу ваҳдати халқи тоҷик ба олами мутамаддин қабул гардид ва табиист, ки мавриди пуштибонӣ ва истиқболи тамоми иштирокчиёни конфронс, роҳбарияти ЮНЕСКО ва ҳайатҳои вакилони кишварҳои аъзо қарор гирифт.
Бо як нигоҳи гузаро ба дастовардҳои Тоҷикистон дар доираи ЮНЕСКО тайи 25 соли узвият, метавон ба вусъати ҳамкориҳо бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пай бурд:
• Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҷоизаи ЮНЕСКО “Шаҳри сулҳ” дар солҳои 2002-2003 сазовор дониста шуд;
• Аз ҷониби ЮНЕСКО “Шашмақом” ҳамчун мусиқии классикии Тоҷикистон (ва Ӯзбекистон) шоҳкории шифоҳӣ ва мероси ғайримоддии фарҳангии башарият эътироф гардид (11-уми ноябри соли 2003);
• Кафедраи ЮНЕСКО «Муколамаи байнитамаддунӣ дар дунёи нав» дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия (моҳи июни соли 2003) ва минбаъд дар баъзе донишгоҳҳои дигари кишвар ифтитоҳ гардид;
• Бо дастгирии бевоситаи ЮНЕСКО Академияи Мақом дар Тоҷикистон таъсис гардид (соли 2003);
• Шӯро оид ба биоэтика дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд (29-уми сентябри соли 2008);
• Аз ҷониби Котиботи ЮНЕСКО шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Амриддин Аминов ба унвони баланди байналмилалии Ҳунарманди ЮНЕСКО ва Сафири сулҳ сарфароз гардид (Париж, 17-уми сентябри соли 2008);
• Нахустин ёдгории таърихии Тоҷикистон - «Саразм» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО бо қарори ҷаласаи 34-уми Маркази ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид гардид (31-уми июли соли 2010);
• Кумита оид ба Барномаи байналмилалии гидрологии ЮНЕСКО (Кумита оид ба гидрология) дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт (август-сентябри соли 2011);
• Барқароршавии Кумита оид ба барномаи ЮНЕСКО «Одам ва биосфера» (16-уми майи соли 2011);
• Дар шаҳри Париж, дар қароргоҳи ЮНЕСКО, китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шудааст, муаррифӣ гардид (25 феврали соли 2013);
• Бо қарори ҷаласаи 36-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО «Боғи миллии Тоҷикистон - Кӯҳҳои Помир” ба Феҳристи мероси табиии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид (28 июни соли 2013);
• Гӯшаи ЮНЕСКО дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки Дабири кулли ЮНЕСКО ифтитоҳ ёфт (21 августи соли 2013);
• Зимни ҷаласаи 37-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО (Париж, ноябри 2013) тибқи пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 700-солагии мутафаккир ва файласуфи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии шоири барҷастаи адабиёти классикии тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 100-солагии оҳангсози барҷаста Зиёдулло Шаҳидӣ ворид ва дар ҷумҳурию берун аз он таҷлил гардиданд;
• Зимни ҷаласаи 38-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО (Париж, моҳи ноябри соли 2015) пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили 100-солагии асосгузори хореографияи тоҷик Ғаффор Валаматзода, 1150-солагии аллома Закариёи Розӣ, 1250-солагии аллома Ҳаким Тирмизӣ ба рӯйхати ҷашнҳои солҳои 2016-2017 ворид гардид.
• Дар Ҷаласаи 11 - уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав» - и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои мероси ғайримоддии ҷаҳон сабти ном шуд.
Алҳол пешниҳодҳои дигари Тоҷикистон барои ворид кардан ба феҳристҳои мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО, мисли мусиқии миллии “Фалак”, ҷашни “Меҳргон” ва ғайра манзур гардидаанд ва онҳо таҳти баррасӣ ва муҳокимаи мутахассисони байналмилалӣ қарор гирифтаанд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО сиёсати фарҳангӣ ва ибтикороти фарҳангпарваронаи Пешвои миллат нақши меҳварӣ дорад. Ҷавҳари ин сиёсатро пуштибонӣ аз манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ, дифоъ аз забон ва таърихи тоҷикон дар сатҳи сиёсати давлатӣ дар баробари эҳтиром ба дастовардҳои маънавии халқҳои дигар ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумибашарӣ ташкил мекунад. Ин сиёсат боиси таҳкими мавқеъ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон, дарёфти ҷойгоҳи сазовор дар анҷумани давлатҳои мутамаддин ва созмонҳои байналмилалӣ гардидааст. Далели гӯёи ин матлаб ҳамкориҳои кишвари мо бо ЮНЕСКО аст, ки дастовардҳои онро раҳбарияти ин созмони муътабари ҷаҳонӣ низ эътироф карда ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро соли 2009 бо медали тиллои ЮНЕСКО сарфароз гардонидааст.
Ҳамин тариқ, сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат кафолати он аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар заминаи дастовардҳои 25 соли гузашта минбаъд рушди беш аз пеш касб хоҳанд кард.
Низомиддин ЗОҲИДӢ,
муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.04.2018    №: 67    Мутолиа карданд: 183

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед