logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. Бунёди калонтарин корхонаи ресандагӣ

Бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯст дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ калонтарин корхонаи ресандагии вилояти Хатлон бунёд мегардад.
Ин корхона дар масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъ бо иқдом ва маблағгузории Маҳмадшарифи Асадулло, роҳбари ҶДММ “Рушди Хатлон” - 60 дарсад ва 40 дарсад аз ҳисоби маблағгузории ширкати туркии “Алдост” эъмор меёбад. Дар назар аст, ки корҳои сохтмонӣ дар се марҳила иҷро карда шаванд.
Арзиши молиявии марҳилаи якум 50 миллион доллари ИМА-ро дар бар гирифта, тибқи ваъдае, ки соҳибкорон ба раиси вилояти Хатлон доданд, он дар шаш моҳи соли ҷорӣ пурра аз худ хоҳад гашт.
Баробари ба анҷом расидани марҳилаи якум беш аз 100 нафар дар ду баст соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхона дар марҳилаи аввал 7200 тонна аст. Дар марҳилаҳои дуюму сеюм ҳам шумораи кормандон ва ҳам иқтидори истеҳсолии корхона афзоиш меёбад.
Соҳибкорон технологияи пешқадамтарини ресандагиро аз Олмон ва Туркия ворид ва насб карданианд. Маҳсулот асосан ба хориҷа содир мешавад. 
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, зимни суханронӣ таъкид кард, ки пас аз анҷоми марҳилаи якуми корҳои сохтмонию насби дастгоҳҳои ресандагӣ корхона метавонад тамоми пахтаи дар ҳудуди ноҳия истеҳсолшавандаро коркард кунад.
 Соҳибкорон муваззаф гардиданд, ки аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ, бахусус бонувон, аз ҳоло мутахассисони варзида омода кунанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 334

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед