logo

Хабарҳо

Мулоқоти Азим Иброҳим бо роҳбарияти ҶСК НБО «Сангтӯда-1»

Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо директори ҶСК НБО “Сангтӯда – 1” ва роҳбарони блоки Раёсати дороиҳо ва ташкили кор бо дороиҳо дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози ҶСК “Сангтӯда – 1” мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, мувофиқакунонии модели молиявию иқтисодии баргардондани сармояи тарафҳо, нақшаи пӯшондани қарзи ШСХК “Барқи Тоҷик” дар назди ҶСК НБО “Сангтӯда – 1”, самаранок истифода бурдани фоида аз сармояи ҷалбгардида ва имкониятҳои иловагии кашфи бозорҳои нави содироти барқ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бо қаноатмандӣ зикр  гардид, ки  ШСХК “Барқи Тоҷик” соли 2017 бо назардошти ҳисоббаробаркуниҳо 290 миллион сомонӣ пардохт кардааст ва бо ин метавон гуфт, ки уҳдадориҳои худро дар назди ҶСК НБО “Сангтӯда – 1” асосан иҷро намудааст. Модели молиявию иқтисодии баргардондани сармояи тарафҳо низ байни ин ду сохтор асосан мувофиқа шуда, масъалаи самаранок истифода бурдани фоида аз сармояи ҷалбгардидаро тарафҳо бо нигоҳи худ ҳал менамоянд.
Ҷониби Федератсияи Русия ҳавасмандии худро ҷиҳати кашфи бозорҳои нави истифодаи барқ баён намуд.
Зикр шуд, ки дар фаъолияти байни субъектҳо масъалаҳое ҳастанд, ки таҳқиқоти бештарро талаб менамоянд. Аз ин лиҳоз, ба гурӯҳҳои кории соҳавӣ супориш дода шуд, ки роҳи ҳалли онҳоро бо назардошти манфиати ҳар ду ҷониб таҳия ва пешниҳод созанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 309

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед