logo

иқтисод

ОБ ОМИЛИ МУҲИМИ РУШД

Аз қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2020» - бештар аз як сол сипарӣ шуд. Дар ин давра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор иқдомоти муассиреро дар доираи чорабинии мазкур ба нақша гирифт. Сохторҳои дахлдор ҷиҳати омӯзиши масъалаҳои вобаста ба об ва пешниҳоди чорабиниҳои мушаххас иқдом намуданд. Вобаста ба ин дар сатҳҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷаласаҳои коршиносону олимон доир гардиданд.

Таъсис додани Маркази пиряхшиносӣ ба хотири омӯзиши амиқи ин масъалаи муҳим дар ҷумҳурӣ дар баробари тадқиқот, гузарондани мониторинги захираҳои обӣ ва омода сохтани харитаи пиряхҳои Тоҷикистон амали саривақтӣ ва зарурӣ мебошад. Дар донишкадаҳо таълими ихтисоси омӯзиши пиряхҳо ба роҳ монда шуда, мутахассисони баландпоя тайёр карда мешаванд, то ки онҳо дар давоми даҳсола пажӯҳишҳои тахассусиро ба анҷом расонанд. Конфронси байналмилалӣ, ки баргузории он моҳи июли соли равон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, чорабинии бонуфузест, ки дар он сарону намояндагони кишварҳои мухталифи ҷаҳон оид ба вазифаҳои даҳсола ибрози назар хоҳанд кард. Мутахассисону олимони тоҷик барои дар сатҳи баланд гузарондани конфронс ҳамаҷониба омодагӣ гирифта истодаанд.
Татбиқи даҳсолаи нави об барои рушди устувори тамоми кишварҳо таъсири бузург дорад, аз ҷумла барои Тоҷикистон низ.
То имрӯз ҳамаи он ташаббусҳои глобалии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифта, самараи хуб доданд. Аз ҷумла, «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005 – 2015» дар кори наҷиби таъминоти саривақтии мардум бо оби ошомиданӣ, иҷрои лоиҳаҳои мухталиф дар кишварҳои ҷаҳон, истифодаи самараноки об нақши муҳим гузошт. Дар ин давра садҳо миллион нафар ба об дастрасӣ пайдо карданд, ҳолати тансиҳатӣ ва санитарии худро беҳтар намуданд. Дар Тоҷикистон низ даҳҳо лоиҳаҳо тарҳрезӣ ва амалӣ шуданд.
Вале бояд зикр намуд, ки ҳоло ҳам масъалаҳои мухталифи вобаста ба об пурра роҳи ҳалли худро наёфтаанд ва аз имконоти истифодаи «неруи сабз» ҳамаҷониба истифода бурда намешавад. Дар ин замина, ҳанӯз дар байни кишварҳо ва минтақаҳо ҳамкорӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ нагардидааст.
Барои ҳамин, Пешвои муаззами миллат эъломи даҳсолаи нави байналмилалиро зарур донистанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ин пешниҳодро пазируфт.
Ҷиҳати амалисозии иқдоми башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» моро зарур аст, ки ҳамчун мардуми кишвари ташаббускор тамоми чорабиниҳои банақшагирифтаро пайгирона ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то ки онҳо баҳри рушди устувор самараи дилхоҳ диҳанд ва дар ҷомеаи муосир мақому манзалати сазовор пайдо намоянд.
Манучеҳр РАСУЛОВ,
коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2018    №: 68    Мутолиа карданд: 300

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед