logo

иқтисод

СТРАТЕГИЯИ ҲАМКОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО БОНКИ ҶАҲОНӢ

27 марти соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар стратегияи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 бо иштироки намояндагони масъули Бонки ҷаҳонӣ ва як қатор вазорату идораҳои калидии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар оғози машварати корӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аз сатҳи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҷонибҳо зикр карданд, ки мақсад аз ҳамоиши имрӯза мукаммал намудани Стратегияи ҳамкорӣ бо назардошти самтҳои муҳими иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бо истифода аз захираҳои мавҷуда баҳри татбиқи минбаъдаи самаранок дар доираи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то солҳои 2030 мебошад.
Сипас, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян - Петер Олтерс лоиҳаи Стратегияи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти самтҳои барои кишвар афзалиятнок муаррифӣ намуд. Мавсуф оид ба имкониятҳои Тоҷикистон дар натиҷаи интегратсияи минтақавӣ ва шароити мусоид барои татбиқи ислоҳот, истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулот ва саноат, рушди сайёҳӣ, истифода аз бозорҳои калони наздисарҳадӣ сухан ронд. Ян - Петер Олтерс дар доираи муаррифӣ ташхиси маҷмӯии тадқиқоти кишвар ва машварат оид ба Стратегияи ҳамкорӣ бо кишварро бо назардошти имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла суботи молиявӣ, ислоҳоти низоми бонкӣ ва сиёсати фискалӣ, институтҳои самарабахши давлатӣ, фазои мусоиди корӣ, шаффофият, хизматрасонӣ ва маълумотҳои оморӣ,  инфрасохтори стратегӣ ва сармояи инсонӣ, ки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таҳия намудаанд, муаррифӣ кард.
Аз ҷониби муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев муаррифинома дар мавзӯи “Дурнамои бахши молиявӣ барои солҳои 2019-2023” манзур гардид. Дар он оид ба раванди татбиқи босамари сиёсати монетарӣ ва асъорӣ, вазъи молиявии низоми бонкӣ ва фаъолияти низоми пардохти мамлакат, аз ҷумла доир ба натиҷаҳои чораҳои андешидашуда дар самти  ислоҳоти соҳа ва имкониятҳо  аз рӯи амалисозии нақшаҳои минбаъда дар давраи то соли 2023 зикр шуд. 
Ҳамчунин, Ҷамолиддин Нуралиев оид ба таҳкими механизми татбиқи сиёсати монетарӣ тавассути ҷорӣ намудани воситаҳои муосир, таъмини сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда, гузариш ба низоми ҳадафгирии таваррум, ҷоннок намудани ҳамкориҳо бо мақсади тақвияти муносибатҳои муросилотӣ, мусоидат ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла ба низоми бонкӣ, таъмини шароити мусоид барои иҷрои нишондиҳандаҳои асосии барномаҳои давлатии рушди иқтисоди миллӣ, таъмини дастрасии соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ, такмили идоракунии корпоративӣ, одоби бонкдорӣ, тартибу қоидаҳои анҷомдиҳии амалиётҳои бонкӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кормандони низоми бонкӣ, махсус дар самти идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ таҳлили ҳамаҷонибаро манзури ҳозирин гардонд.
Муаррифиномаи Ҷамолиддин Нуралиев  аз ҷониби гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян - Петер Олтерс хуш пазируфта шуд. Ян - Петер Олтерс изҳор дошт, ки вобаста ба масъалаҳои зикршуда имкон аст лоиҳаҳои якҷояи алоҳида таҳия ва мавриди баррасӣ қарор дода шаванд, ки аз тавсеа ёфтани ҳамкориҳои муштараки судманд дар оянда дарак медиҳанд.
Дар машварати корӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи Стратегияи ҳамкорӣ бо кишвар вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода оид ба “Стратегияи  миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва мақсади асосии он, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода оид ба “Нақши бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувор”, инчунин, роҳбари лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар Тоҷикистон Манижа Мамаднабиева, намояндагони гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Сусанна Хайрапетян, Пол Волний,  Ҳасан Алиев оид ба сармоягузорӣ ба аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои интегратсионии минтақавӣ, рушди босамар ва саҳми институтҳои муосир баромад ва фикру андешаҳои  худро оид ба лоиҳаи мазкур пешниҳод намуданд.
Зикр гардид, ки барномаи мазкур бояд ҳадафманд бошад ва масъалаҳое, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 афзалият дода шудааст, фарогир бошад.
Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодагии ҳаматарафа ва баромадҳои пурмуҳтаво баҳри тақвият додани ҳамкории дуҷониба сипосгузорӣ намуда, изҳори умед кард, ки ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳайси яке аз кишварҳои пешрафта мавқеъ пайдо менамояд.
Шуъбаи матбуоти БМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2018    №: 68    Мутолиа карданд: 329

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед