logo

иқтисод

СИМОИ ШУҶОАТҲОСТ РОҒУН

Дар яке аз мулоқотҳо Пешвои миллат ба адибон муроҷиат карда гуфтанд: “Шумо бояд сохтмони Роғунро ба чашми худ бубинед, зеро баъд аз чанд муддат ин ҳама зери об мемонад ва аз дидани чунин зуҳуроти нотакрор маҳрум мемонед”. Ва дере нагузашта бо супориши Ҷаноби Олӣ автобуси махсус мо - як гурӯҳ адибонро бо сарварии муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим  ба ин сохтмони азим овард. Маҳз аз суҳбати ӯ фаҳмидему донистем, ки чи қадар муаммоҳо, мушкилот, садҳои гарони ногуфтаниро Сарвари кишвари мо бо таҳаммул, камоли доноӣ, ҷасорату қатъият, ҷоннисории ватандӯстона пушти сар кардаанд, то ки сохтмони ин неругоҳ бархӯрдҳои шадид наҷот ёбад ва то ба имрӯз расад.
Бале, Роғун симои ҷасоратҳо, симои далерие гардид, ки дар шахсияти Пешвои миллати мо падид омад. Ҷоннисориҳои Пешвои миллати мо Роғунро ҳимоят кард ва то ба ин рӯзҳои хушбахтӣ расонд, ки ягон ихтилоф ва ягон шубҳа нисбат ба бунёди Роғун намонд ва акнун тамоми дунё онро эътироф мекунад. Агар он рӯзҳоро ба  ёд орем, барҷастагии ин пирӯзиро бештар эҳсос месозем. Воқеан, гумон мекунам, баъд аз шоистатарин хизматҳои Пешвои миллат, аз ҷумла аз вартаи фалокат наҷот додани Тоҷикистони азиз, ба сулҳу ваҳдат овардани халқи кишвар, хотима бахшидан ба хунрезиҳо, раҳнамоӣ ба худшиносии миллӣ ва шинохти ҳувияти худ, бунёдкориву ободониву сарсабзу шукуфон сохтани кишвар ва ғайра, боз як хизмати барҷаставу мондагори Пешвои миллат бунёди ана ҳамин сохтмони азими тақдирсоз аст, ки аслан бунёди ҳастии дурахшони фардои мост.
Вақте ки шумо аз 70 километр нақбҳои бузурги зеризаминӣ, ки ҳар ваҷабу ҳар қадамаш бо  ҷоннисориҳо, бо рехтани арақҳои ҷабину меҳру муҳаббату садоқати  ҷавонмардону фидокорони воқеии Ватан бунёд гардидааст, мегузаред; вақте ки шумо ин ҳама эъҷозро дар қаъри замин, дар ҷигари ин кӯҳҳои сарбаланд мушоҳида мекунед; ин қадар неру, муҳаббат, заҳмати гарону таҳаммулталабу ватандӯстонаро, ки ин ҳама эъҷозро офаридааст, мебинед; танҳо ҳамон вақт дарк мекунед, ки Роғун чист.
Сохтмони Роғун сохтмони танҳо як истгоҳи барқӣ нест. Ин сохтмон зуҳуротест, ки бузургии миллати мо, ягонагии миллати моро аз имтиҳони воқеӣ ва бегузашти худ гузарондааст. Зеро ин сохтмон аввалан дар ҷаҳон назир надошта, нахустин ва ягона намуна аст, ки дар он ҳама чиз бори аввал таҷриба мешавад. Бад-ин сабаб бо ҳалли мушкилоту муаммоҳои зиёде, ки таҳқиқоти мукаммали илмӣ ва эҷодкориву навовариҳои истеҳсолии зиёдеро талаб дорад, рӯ ба рӯ омада буд ва осон набуд убур кардан аз онҳо. Баъдан, Роғун сохтмонест, ки ҷоннисорӣ ва худофариву  ҷасорати баланди миллиро дар рӯ ба рӯ бо садҳои табииву сунъӣ тақозо дошт.
Воқеан, банда дар оғози ин сохтмони азим беҳуда набуд, ки дар манзумаи “Симои садод” навишта будам:
Биё, созем Роғунро ба рӯи шонаҳои худ!
Миллати мо, халқи мо Роғунро ба рӯи шонаҳои худ бунёд мекунад ва ин шонаҳо устувортар аз шонаҳои кӯҳанд, зеро бар садоқату муҳаббати ин халқи соҳибтамаддун ва ҷабрдида ва аз ҳама имтиҳонҳои таърих сарбаланду пирӯз беруномада, бар шонаҳои ин халқи таърихан некуманиш ва хайрхоҳу башардӯст бунёд меёбад, шонаҳое, ки дар тӯли таърихи гарону пурмоҷарои худ ҳамеша бори некӣ, бори маърифат ва волотарин суннатҳои инсониро бардоштаасту борҳо афтода, аммо  бори шонаҳои худро раҳо накардаву устувор нигоҳ доштааст.
Дар бораи ҳар падидаи Роғун, ҳар мавзеъ, ҳар иқлими кории он ва ҳар мутахассису фидокораш метавон алоҳида  очерку қиссаву китобҳо навишт, зеро сазоворанд, зеро мавзӯъ медиҳанд ва аҷибу шоиставу ҷолибанд.
Вақте ки аз ҷониби Сарвари кишвар даъвати ватандӯстона аз сари ору нанг барои бунёди НБО - и Роғун ба амал омад, пиру барно, хурду бузург, марду зани кишвар ба по хестанд, то саҳми худро дар бунёди ин сохтмони тақдирсоз бигузоранд. Чунин ягонагии халқ, ки шояд дар таърихи миллати мо бори аввал маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба амал омад, гувоҳи чист?  Бале, ин гувоҳи он аст, ки як ҳадафи бузурги миллӣ метавонад халқҳои моро ба ҳам орад, гувоҳи он аст, ки Истиқлолияи давлатӣ ба мардуми мо неруву бовари нав бахшидааст, гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик хиради азалӣ ва масъулияти ватандории худро дар ҷисму ҷонаш маҳфуз медорад.
Ташаббус, дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат дар ин сохтмони азим ҳамеша ба бинокорон рӯҳбаландӣ ва бовару неру мебахшад. Тамоми мардуми дунё тавассути наворҳо шоҳиди тӯли яку ним соат дар сари фармони булдозер ба ҷасорат, мардона, бо камоли кордонии як ронандаи таҷрибадор ва корозмуда пеши роҳи дарёро бастани Пешвои миллат буданд. Мо, зиёиёни кишвар, дар қатори мардуми дигар, дар он ҷо ҳузур доштем ва шоҳиди он лаҳзаҳои нотакрори таърихӣ гардидем. Яку ним соати ҷасорат, яку ним соати мардонагӣ, кордонӣ, ҷоннисорӣ, яку ним соати гузаштан аз имтиҳони тақдир аз ҷониби Пешвои миллат. Майдони набарди одаму дарё чун рӯи кафи Худованд намудор буд. Мо ба чашми худ дидем, ки ин иқдоми Пешво чи қадар хатар дошт, ҷоннисорона буд, аммо ӯ бо камоли ғайрату ҷасорату қатъият ин корномаро сарбаландона иҷро кард ва ягон ҷои баҳс нагузошт. Ҳама моту маҳбут, ҳама қоил шуда буданд. Мо дидем ва ҳама диданд, ки Пешвои миллати мо на фақат зебандаи сари минбарҳои баланди сиёсӣ, балки зебандаи сари фармони булдозер ва ҷабҳаҳои бунёдкориву созандагӣ ҳам ҳаст. Мо ба чашми худ дидем, ки ин иқдомро чи хатарҳое дунболагиранд ва лаҳзаҳое буданд, ки ӯ ҷон ба каф рӯ ба рӯ бо марг даст ба гиребон бо хатарҳо шудаву ғолибу фирӯз аз ин набард баромад. Ва ҳассостарин лаҳза ҳамон лаҳзае буд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба танҳо дар набарди дарёи асрҳо таслимнопазир бо булдозер пеши маҷрои якраву таслимнопазири дарёро бубаст ва аз соҳил ба соҳили дигар гузашт. Ва ин гузаштан чи қадар рамзҳои бузург дошт. Яъне, гузаштан аз ноободӣ ба ободӣ, гузаштан аз торикӣ ба рӯшноӣ, гузаштан аз вартаҳои ҳалокат барои Ватан. Пешвое чунин ҷоннисору шуҷоъ! Оё баъд аз ин  чӣ гуна метавон нисбат ба бунёди Роғун бетафриқа буд, ки ба рамзи пирӯзии миллати мо табдил ёфт? Он бинокороне, ки инро диданд, бо ғайрату неруи даҳчанд бештар ба бунёди неругоҳ идома бахшиданд. Он халқе, ки инро дид, эътимоду эътиқоди бештаре ба Пешвои худ, ба фардои дурахшони Тоҷикистон пайдо намуд.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2018    №: 68    Мутолиа карданд: 303

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед