logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БОЛО МЕРАВАД

Давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба амалисозии ҳадафҳои башардӯстонаи даҳсолаи нав, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст, шурӯъ намуданд. 22 марти соли равон дар иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Сарвари давлати мо Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» - ро расман ҳусни оғоз бахшиданд, ки ин рӯйдод мояи ифтихори кулли мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони шаҳри Левакант аст.
Дар ҳақиқат, мушкилоти норасоии об яке аз проблемаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза мебошад, ки рӯз то рӯз бо таъсири омилҳои муайян шадидтар мешавад. Таҳқиқоти муҳаққиқон нишон медиҳад, ки дар асри ХХ шумораи аҳолӣ 3 маротиба ва талабот ба об 7 маротиба афзуда, дар шароити имрӯза талабот ба оби тоза нисбат ба афзоиши аҳолӣ 2 маротиба зиёд гардидааст. Рақамҳо бозгӯи онанд, ки вазъи таъминоти аҳолӣ бо об, хусусан оби нӯшокӣ, боз ҳам мушкилтар шудааст.
Тибқи нишондодҳои оморӣ, дар як сол аз сатҳи Замин 40 ҳазор километр мукааб оби тоза xориҷ мешавад, ки инсоният ҳамагӣ 3,5 ҳазори онро истифода мебарад. Зиёда аз 28 ҳазор километри мукааби он ба баҳрҳо рехта, як қисми он дар биёбонҳо бухор мегардад. Қисмати зиёди об бо сабаби ифлос гардиданаш истифода бурда намешавад.
Тоҷикистон бинобар хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва иқлимии худ дорои пиряхҳои зиёди азим аст. Пиряхҳо танзимкунандаҳои оби дарё ва иқлим дар минтақа буда, қариб 6 дарсади ҳудуди кишварро ишғол менамоянд. Дарёҳои Тоҷикистон манбаи асосии оби Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Ҳисоби дарёҳои Тоҷикистон 928 ва дарозии умумии онҳо ба 28500 километр мерасад. Масоҳати умумии кӯлҳои Тоҷикистон бештар аз 680 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Тибқи нишондоди сарчашмаҳои муътамад, дар ҳавзу обанборҳои Тоҷикистон 45,3 километри мукааб захираи об мавҷуд аст. Захираи оби ошомидании кишвари мо 19,3 километри мукаабро ташкил медиҳад. Ҳаҷми обҳои зеризаминӣ ба 51,2 километри мукааб баробар аст. Яъне Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ ва оби тоза мебошад.
Бо дарки саривақтии мушкилоти мавҷуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид соли 2003  эълон намудани Соли байналмилалии оби тозаро пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҷаҳониён дастгирии комил ёфт. Кӯшиш ва ташаббусҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон боиси он гардид, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2005 - 2015 - ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон намояд. Ҳамчунин, вобаста ба  мушкилоти афзояндаи соҳаи об Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Сарвари Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуда, соли 2016 дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» Қатънома қабул кард.
Тоҷикистон, ки дар саргаҳи обҳо қарор дорад, истифодаи оқилонаи захираҳои обиро барои рушди устувори иқтисодӣ ва барои истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба манфиати кишвар ва минтақа ба мақсад мувофиқ медонад.
Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ дар ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки «Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақшаро идома хоҳем дод». Оғози татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», ки иқдоми шоистаи башардӯстонаи Тоҷикистон мебошад, дар баробари ифтихор масъулияти калон низ ҳаст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар амалисозии ҳадафҳои даҳсола саҳми худро гузорад.
Санавбар САМЕЪЗОДА,
раиси шаҳри Левакант


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2018    №: 68    Мутолиа карданд: 521

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед