Хабарҳо
«Ҷумҳурият» - серхонандатарин нашрияи Тоҷикистон
Имрӯз дар шаҳри Душанбе муаррифии натиҷаи тадқиқот оид ба афзалиятҳои расонавии баҳории Тоҷикистон баргузор гардид.
Тадқиқоти мазкур лоиҳаи муштараки Вазорати фарҳанг, ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» ва Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» буда, ҳадафи он муайянсозии дараҷаи истифодаи аҳолии кишвар аз воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.
Набӣ Юсуфов, директори ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ», зимни муаррифии натиҷаи таҳқиқот гуфт, ки нашрияи серхонандатарини мамлакат (34 %) нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» мебошад. Дар раддабандии серхонандатарин рӯзномаҳои кишвар ҳафтаномаи "Омӯзгор" (23,8 %) ва нашрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҳафтаномаи «Минбари халқ» (22,2%) мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро касб карданд. Чоргонаи пешсафонро нашрияи парлумонии Тоҷикистон - рӯзномаи «Садои мардум» ҷамъбаст кардааст. Дар тадқиқоти мазкур зиёда аз 2 ҳазор нафар посухдиҳанда аз тамоми манотиқи кишвар ширкат варзид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 391