logo

маориф

ОМӮЗГОР МУҲАНДИСИ РӮҲИ ИНСОН АСТ

Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи хос нишон дода, ба устодону омӯзгорон ғамхориҳои доимӣ зоҳир менамоянд. Намунаи барҷастаи ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакатро метавон дар пайваста боло бурдани ҳаҷми маоши омӯзгорон арзёбӣ кард, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ боз чунин як иқдом сурат гирифт.

Аз ҷумла, бар асоси нишондоди Паёми Сарвари давлат қарор аст, ки дар баробари дигар соҳаҳои буҷетӣ аз 1 сентябри соли ҷорӣ маоши кормандони соҳаи маориф низ 15 дарсад зиёд карда шавад. Ин дар ҳолест, ки тибқи арзёбии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, қатъи назар аз идомаи буҳрони молиявии ҷаҳонӣ соли 2018 маблағгузории соҳаи маориф дар Тоҷикистон афзуда, ба 3 миллиарду 863,1 миллион сомонӣ мерасад, ки нисбат ба соли сипаришуда 281,9 миллион сомонӣ зиёд аст.
Аз ин ҳама пайдост, ки ҳадафҳои маорифпарваронаи Сарвари давлат бузургтару пурвусъаттар аз он аст, ки мо мепиндорем. Ҳанӯз дар Паёми соли 2016 Президенти маҳбуби кишвар бо таваҷҷуҳ ба масоили таълиму тадрис чунин дастур дода буданд: «Ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони баландихтисос чораҷӯӣ карда, доир ба ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, махсусан, аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин, бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани мактабҳои деҳот, ки ин нишондиҳанда то имрӯз 70 дарсадро ташкил медиҳад, тадбирҳои зарурӣ андешида, то соли 2019 масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мамлакат пурра бартараф карда шавад».
Таъмини мактабҳои деҳот бо мутахассисони фанҳои дақиқ, воқеан ҳам тақозои рӯз аст. Зеро бештари донишҷӯёни макотиби олии кишвар заминаҳои ҳуқуқию маънавӣ ва илмию таҳлилии донишҳои муосирро дар мактаб аз худ мекунанд ва ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо ба пазируфтан ва фарқ карда тавонистани ҷанбаъҳои гуногуни фанҳои омӯхташаванда бояд омода бошанд.
Вобаста ба ин, аз мо – устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоем. Ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дуруст ба роҳ монем.
Табиист, ки дар ростои иҷрои ин рисолати муҳим нақши омӯзгорон беш аз дигарон муассиру калидист. Беҳуда гузаштагони мо қадри устодро муқаддамтар аз падар надонистаанд. Шайх Саъдӣ ба ин мазмун фармудааст:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Шукӯҳӣ ҲУСЕЙНОВ,
директори МТМУ №31, ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2018    №: 69    Мутолиа карданд: 448

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед