logo

фарҳанг

"ҚАСРИ АРБОБ" ДАР ҶОИ АВВАЛ

Чун ҳамасола дар шаҳри Ялтаи Ҷумҳурии Қрим Фестивали байналмилалии кушоди мусиқию адабии «Ялос» ба номи Лев Болдов баргузор мегардад. Имсол дар даври VII-уми ин фестивал беш аз 200 шоиру нависанда ва сароянда аз Федератсияи Русия, Беларус, Қазоқистон, Исроил, Молдова ва Тоҷикистон ширкат доштанд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши бонуфуз Владислав Валов бо суруди «Дворец Арбоб» («Қасри Арбоб») муаррифӣ намуд.
  
Рӯзи аввали фестивал санъати худро шоир Дмитрий Кшукин аз Ярослав, Елизаветта Ковач аз Тираспол, триои оилавӣ бо композитсияи Юрий Решетилов ва аз Тоҷикистон Владислав Валов бо сурудҳои «Дворец Арбоб» («Қасри Арбоб») ва «Лампа Аладдина» («Чароғи Аловуддин»), ки ба қалами ҳамоҳангсози идоракунии байналхалқии Иттиҳоди байналмилалии нависандагон оид ба кор бо муаллифон Абдуқаҳҳори Қосим тааллуқ дошт, пешкаши иштирокчиён гардонданд.
- Боиси ифтихор аст, ки суруди «Қасри Арбоб», ки бозгӯкунандаи дастовардҳои 26 соли соҳибистиқлолӣ ва хидматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар мебошад, сазовори ҷои аввал гашт, - изҳор дошт А. Қосим.
Ёдовар мешавем, ки Владислав Валов, зодаи шаҳри Турсунзода буда, узви фаъоли маҳфили «Ворисони Турсунзода» аст.  
Раиси ҳакамон шоир, оҳангсоз ва Корманди шоистаи санъати Федератсияи Русия Владимир Грачёв ва дигар аъзои ҳакамон санъаткори ҷавони тоҷикистониро дар бахши «Беҳтарин иҷрокунанда» лоиқи мақоми аввал донистанд. Ҳамзамон, Абдуқаҳҳори Қосимро барои шеъри «Қасри арбоб» бо дипломи фестивал барои «Шеъри беҳтарин» сарфароз гардонданд.
- Мақсади фестивал тарғиботи шеъри муосир, суруд ва таҳкими робитаҳои эҷодӣ ва дӯстонаи шоирону оҳангсозони кишварҳои мухталиф мебошад, - афзуд А. Қосим.
Б. САЛИМОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2018    №: 69    Мутолиа карданд: 304

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед