logo

сиёсат

ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС ЧАРО НАҲЗАТИҲО ОНҲОРО ҲАДАФИ ҚАТЛ ҚАРОР ДОДАНД?

Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ фаъолияти худро дар ҳудуди Тоҷикистон аз бедодгарӣ, қатлу ғорати ашхоси номвару муътабари кишвар оғоз карда буд. ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар қатори дигар аҳзоб мудати тӯлонӣ фаъолияти расмӣ дошт, вале ҳамеша кӯшиш мекард, ки тамоми фаъолияти экстремистию террористии худро дар зери ниқоби дину мазҳаб пӯшиш диҳад.
Далели раднопазир аст, ки фаъолияти тахрибкоронаи наҳзатиҳо сабаби ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 гардида, террору ҷиноятҳои зиёдеро бар зидди мардум анҷом медоданд. Ҳарчанд масъулони ҲНИТ аз адолату озодӣ, ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии кишвар, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ сухан мекарданд, вале дар амал барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон аз содир намудани ягон ҷинояту хиёнат худдорӣ намекарданд. Боқимондаҳои наҳзатиёни фирорӣ то ҳанӯз ноҷавонмардона дар расонаҳои хабарӣ бо туҳмату буҳтон алайҳи давлату миллат кинаю адоват меварзанд.
Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар узви ин созмони экстремистӣ - террористӣ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир карданд, ки аз ин миқдор 17 нафарашон барои ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, аз ҷумла ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии кишвар ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Наҳзатиҳо, ки душмани сулҳу оромӣ, илму дониш, санъату ҳунар, фарҳангу маърифат ва эҷодкорӣ мебошанд, дар давоми фаъолияти худ, бахусус солҳои ҷанг, олимону сиёсатмадорон ва дигар чеҳраҳои саршиноси кишварро ваҳшиёна ба қатл расонданд. Ин фоҷиа ва даҳшате, ки хиёнаткорон ба сари миллати тоҷик оварданд, басо нангину дарднок буда, то абад ҷуброннопазир хоҳад буд.
Аз дасти террористони наҳзатӣ олимону донишварон, рӯзноманигору сиёсатмадорон ва адибону эҷодкороне кушта шуданд, ки на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки берун аз марзи он ҳам шинохта шуда, обрӯю нуфузи зиёд доштанд. Бо ин амал гурӯҳи террористон чароғи илму маърифатро дар кишвар хомӯш кардан мехостанд. Қаҳрамони ИҶШС Ҳайдар Қосимов, физикдон ва файласуфи шуҳратёр Муҳаммад Осимӣ, равонпизишки маъруф Минҳоҷ Ғуломов, ҷарроҳи номвар Юсуф Исҳоқӣ, адиби пурмаҳсул Сайф Раҳимзоди Афардӣ, рӯзноманигорони нуктасанҷ Отахон Латифию Муҳиддин Олимпур, сиёсатмадор Сафаралӣ Кенҷаев ва даҳҳо олимону донишмандони дигар бо дасти наҳзатиҳо бераҳмонаву ваҳшиёна ба қатл расиданд. Ин ҳама қатлу кушторҳо ба таври силсилавӣ рӯи кор омада, ба ҳамдигар пайвандӣ ва шабоҳате доранд ва, албатта, усули фаъолияти бадхоҳони наҳзатӣ дар онҳо бармало маълум мебошад. Анҷом додани чунин амалҳои ваҳшатангез андешаи бевоситаи роҳбарияти созмони террористию экстремистии ҲНИТ буда, ба хотири гумроҳсозии мардум ва дар муқобили ҳукумати вақт шӯрондани аҳолӣ роҳандозӣ шудаанд. Зеро ҳар яке аз ин чеҳраҳои саршиноси кишвар дар самти фаъолияти худ пешрафтаву таъсиргузор буданд ва сухани онон метавонист мардумро аз майдоннишинӣ, душманӣ ба якдигар, тафриқаандозӣ нигоҳ дорад.
Ақли солим хуб медонад, ки дар ҷомеа ҳар қадар таассубу хурофоти динӣ афзун гардад, ҳамон қадар неруҳои илмию фарҳангӣ заиф мешаванд ва нофаҳмию ихтилофоти динӣ - мазҳабӣ миёни халқ роиҷ мегардад. Солҳои 90 – уми асри гузашта ба ин раванд роҳбарияти созмони террористию экстремистии ҲНИТ асос гузоштанд. Дар бунёди фазои хурофоту таассуби динӣ, ки батадриҷ дар ҷомеа реша давонда, боиси даргириҳои хунин гардид, нақши ташкилоти террористию экстремистӣ маълум аст. Наҳзатиҳо тавассути амалҳои даҳшатбору нафратангези худ миллати фарҳангдӯсту тамаддунофари тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ, чун як миллати душмани илму дониш ва фарҳангу маърифат нишон доданӣ шуданд.
Ҳоло мардуми шарифи Тоҷикистон чи будани ҷангу низоъ ва даргириҳои мазҳабиро дар мисоли воқеоти гузашта хуб дарк карда,  дурӯғ, дасиса, найрангу ҳила, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ ва авомфиребии масъулони ташкилоти террористию экстремистии ҲНИТ-ро медонад. Қатлу кушторе, ки бо ибтикори ин ташкилоти террористию экстремистӣ сурат гирифта буд, дар таърихи миллати мо ҳамчун доғ боқӣ хоҳад монд. Ҳақиқати бебаҳс аст, ки ҲНИТ ҳеҷ гоҳ барои сарҷамъии мардум, адолати иҷтимоӣ ва рушди миллӣ талош накардааст ва нахоҳад кард. Эътиқоду боварҳои мардумро ҳамчун воситаи расидан ба ҳадафи ғаразнок, суистифода кардан манфуртарину хашинтарин амал буд, ки  террористони наҳзатӣ то соли 2015 аз он фаровон истифода намуданд.
Имрӯз роҳбарияти фирории наҳзатӣ ва пайравонаш дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, доди ватанхоҳӣ мезананд ва бо ҳилаву фиреб мехоҳанд худро муборизи роҳи озодӣ нишон диҳанд.  Вале дар асл онҳо бо иғвою туҳмат дар миёни мардуми мо тухми кинаву адоват ва ихтилоф коштанӣ ҳастанд. Барои иҷрои дастури хоҷаҳои хориҷиашон, ки ба душмании миллати мо равона гардидаанд, аз ягон амали хабисона рӯй намегардонанд.  Вале мардум дигар фиреби ин тоифаро намехӯрад ва хуб дарк мекунад, ки кулли фирориёни наҳзатӣ террористони хунхор буда, душманони миллат ва Меҳани мо маҳсуб меёбанд. Чунки амалҳои анҷомдодаи онон аз аввали замони  соҳибистиқлолӣ то ҳанӯз бар хилофи манфиатҳои миллӣ ва пешрафти ҷомеа мебошанд.
Нодири ҚОДИР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2018    №: 69    Мутолиа карданд: 572

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед