logo

иқтисод

ДАР ШОҲРОҲИ ҲАДАФҲОИ УМУМИБАШАРӢ

Дар остонаи таҷлили Наврӯзи Аҷам рӯйдоди бузурге ба вуқӯъ пайваст, ки он дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистон дигарбора бо ҳарфҳои зарҳалӣ нақш хоҳад баст. Ин воқеаи фараҳбахш оғози боз як ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мебошад, ки дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷараён гирифт.

Пешвои миллат дар чорабинии сатҳи баланд - иҷлосияи 72 - юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози даҳсолаи нав ҳамчун ташаббускори ин барномаи нави ҷаҳонӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид доштанд: «Имрӯз мо ба сӯйи татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ, ки ҳадафи он ҳамкорӣ ба хотири дастёбӣ ба идоракунии устувор ва истифодаи оқилонаи захираҳои об аст, роҳ пеш мегирем. Нуктаи умедбахш ин аст, ки мо ин роҳро на аз сифр, балки бо таҷрибаи бойи ташаббусҳои гузаштаи ҷаҳонии вобаста ба захираҳои об тайи понздаҳ соли сипари шуда оғоз мекунем.  Махсусан, мо тавонистем, ки тавассути талошҳои муштарак дар чаҳорчӯби ташаббусҳое  чун «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» корҳои зиёдеро ба сомон расонем. Дар ҷараёни татбиқи ин ташаббусҳо мо таҷрибаи арзишманде андухтем, ки дар анҷом додани вазифаҳои нави сермасъул дар бахши захираҳои об ба мо кумак хоҳад кард.  Ҳамаи ин ташаббусҳо дар тавсеаи маърифати мо доир ба табиат ва нақши ҳаётбахши об дар сайёра саҳми арзишманд гузоштанд».
Таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат ба заминаҳои муҳими амалкарди даҳсолаи навбатӣ ба он ишорат мекунад, ки дар ҳақиқат, имрӯз Тоҷикистон дар ҳаллу фасли муаммоҳои марбут ба оби тоза таҷрибаи ғанӣ дорад. Зеро маҳз дар асоси ташаббуси дурбинонаи Роҳбари давлати Тоҷикистон аллакай чандин чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ оид ба масоили оби тоза, ҳаллу фасли мушкилоти нарасидани оби ошомиданӣ дар бархе аз мамлакатҳои ҷаҳон ва  истифодаи босамари захираҳои об ҷараён гирифтанд. Ҳамзамон, дар пойтахти кишвари мо чандин ҳамоишҳои байналмилалӣ бо ҳузури коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ баргузор гардиданд.
Яке аз проблемаҳои муҳиме, ки дар баромади навбатии хеш Пешвои миллат ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд, коҳиш ёфтани захираи пиряхҳо бо сабаби  тағйирёбии иқлим ба шумор меравад. Сарвари давлат зарурати омӯзиши онҳоро ҳамчун захираҳои бузурги таъминоти обӣ ва роҳҳои ҳаллу фасли ҳифзи ин ёдгориҳои нодири табиӣ ба эътибор гирифта, дар Паёми навбатии хеш ҷиҳати таъсиси Маркази омӯзиши пиряхҳо дар  Академияи илмҳои Тоҷикистон супориш доданд. Боиси қаноатмандист, ки маҳз дар рӯзҳои эълони оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” ин маркази бонуфузи илмӣ таъсис ёфта, ҳамакнун олимони тоҷик ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои наҷиби барномаҳои даҳсолаи навбатӣ иқдом хоҳанд намуд.
Мусаллам аст, ки яке аз роҳҳои паст кардани шиддати тағйирёбии иқлим дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, истифодаи босамари захираҳои об барои рушди гидроэнергетика маҳсуб меёбад.  Аз ин рӯ, ҳамбастагии захираҳои обу энергетика ва  истифодаи босамари онҳо  дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад.  Дар доираи иҷлосияи  72 -юми Маҷмаи умумии СММ зери унвони “Дар ҷустуҷӯи ҳамбастагӣ байни энергия ва об: Синергия байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор” чорабинии дигаре баргузор шуд, ки дар он низ Пешвои миллат суханронӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои ҳамбастагии обу энергия ва истифодаи самараноки захираҳои оби Тоҷикистон ба манфиати минтақа тавсияҳои муҳим доданд. Бо истифода аз ин фурсати муносиб аз ҷониби Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳимтарин захираҳои обии кишвар муаррифӣ гардиданд. Аз ҷумла, ба сафари кории Дабири кулли СММ ҷаноби Антониу Гутерреш ба Тоҷикистон ва ошноии эшон бо захираҳои оби Тоҷикистон, аз қабили пиряхҳои кӯҳҳои Помир ва кӯли Сарез, ишорат шуд. Тавсия ва пешниҳодҳои Пешвои миллат оид ба масъалаҳои ҳамбастагии обу энергия ва дар ин замина расидан ба ҳадафҳои наҷиби истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ё энергияи сабз, пеш аз ҳама, ба манфиати мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ ва ба он наздик равона шудаанд. Мо бовари комил дорем, ки ба меҳвари амал гузоштани маҷмӯи ин ҳадафҳо  ҷиҳати ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҷаҳонӣ ва рафъи оқибатҳои ногувори таъсири экологӣ, коҳиши пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим нақши муассир хоҳад гузошт.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА,
Раиси шаҳри Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2018    №: 69    Мутолиа карданд: 385

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед