logo

Хабарҳо

Намоишгоҳи шашуми "Авто - ретро Душанбе"

Бо мақсади дастгирии ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи тадбирҳо бахшида ба Рӯзи пойтахт ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе Фестивал - намоишгоҳи шашуми автомобилҳои коллексионии «Авто - ретро Душанбе» баргузор мегардад. Барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани он қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.

Тавре аз  раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, Фестивал - намоишгоҳ 21 апрели соли 2018 аз соати 8 - и субҳ то 6 - и бегоҳ дар ҳудуди меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси Душанбе» ва ҶДММ «Кохи Наврӯз» - и пойтахт доир мегардад. Автомашинаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва Амрико, ки беш аз 30 сол пеш истеҳсол шудаанд, ба тамошо гузошта мешаванд.
Тамошобинон дар Фестивал - намоишгоҳи шашуми «Авто - ретро Душанбе»  метавонанд аз дидани мошинҳои нодири «Победа», «Москвич», «Волга», «Запарожетс», «Лада», «Volkswagen», «Ford», «Chevrolet» «Pontiac» ва «Mercedes - Benz» ҳаловат баранд.
Ёдрас месозем, ки нахустин ретро - намоишгоҳи мошинҳо дар Душанбе моҳи апрели соли 2013 баргузор шуда буд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 352

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед