logo

Хабарҳо

"ҶУМҲУРИЯТ" — НАШРИЯИ СЕРХОНАНДАТАРИНИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи тадқиқоти анҷомдодаи Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» (34%) нашрияи серхонандатарини кишвар эълон гардид. Дар раддабандии нашрияҳои серхонандатарин  ҳафтаномаи Вазорати маориф ва илм – «Омӯзгор» (23,8%)  ва нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – рӯзномаи «Минбари халқ» (22,2%) мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд.

Ин матлаб зимни муаррифии Ҳисоботи тадқиқотии «Муайян намудани афзалиятҳои медиавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо», ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор шуд, зикр гардид.
Миёни маҷаллаҳои серхонандатарин бо касби  44,9 дарсади овозҳо ҷои аввалро   маҷаллаи  «Бонувони Тоҷикистон» соҳиб гашт. Маҷаллаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дин ва ҷомеа» (10,4%) ва маҷаллаи Вазорати фарҳанг – «Фирӯза» (5,2%) мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор гирифтанд.
Дар натиҷаи тадқиқот, инчунин, сертамошобинтарин шабакаҳои телевизионӣ низ  муайян гаштанд. Мувофиқи он, ҷои аввалро  бо касби 60,1 дарсади овозҳо шабакаи телевизионии «Сафина» гирифт. Шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» бо 50,1 дарсад ва ТВ «Баҳористон» бо 30,5 дарсад сазовори ҷойҳои дуюму сеюм шуданд.
Миёни радиоҳои маҳбубтарин Радиои    «Садои Душанбе» (28%) мавқеи аввалро касб карда, дар ҷойи дуюм Радиои Тоҷикистон (17,4%) ва дар ҷойи сеюм Радиои фарҳанг (5,3%) қарор гирифтаанд.
Бояд гуфт, ки тадқиқоти мазкур лоиҳаи муштараки Вазорати фарҳанг ва ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» буда, аз декабри соли 2017 то феврали соли 2018 гузаронда шуд. Дар маҷмӯъ, дар он аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ зиёда аз ду ҳазор нафар посухдиҳанда ширкат варзид.
АМИТ «Ховар»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 366

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед