logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОБОД. ОИЛАИ СОЛИМ - ҶОМЕАИ СОЛИМ

Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия дар ноҳияи Тоҷикобод дар соли 2018 ҷиҳати  фаҳмондадиҳии аҳолӣ оид ба маърифати  оилаву оиладорӣ,  соҳибкасб намудани ҷавонон ва духтарон пеш аз издивоҷ силсилаи суҳбату вохӯриҳоро ба роҳ мондааст.
Тибқи иттилои Хуршед Саломов, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар соли гузашта дар ноҳияи Тоҷикобод  441 нафар ақди никоҳ бастаанд, ки нисбат ба соли пешин 144 нафар зиёд мебошад. Зиёд шудани шумораи навхонадорон падидаи мусбат аст. Вале масъалаи пошхӯрии оилаҳои ҷавон дар солҳои охир боиси ташвиши хонаводаҳо ва ҷомеа гардидааст. Соли ҷорӣ дар САҲШ - и ноҳия 27 ақди никоҳи давлатӣ бекор карда шудааст. Аз ҷумла, бо ҳалномаи суд 18 ҷуфт ва бо розигии тарафайн 9 ҷуфт. 
- Барои пешгирии бекоршавии ақди никоҳ  якҷоя бо бахши кумитаи кор бо занон ва оила, шуъбаи  корҳои  дохилӣ дар байни аҳолӣ кор бурда истодаем. Корҳои тарғиботӣ натиҷаҳои нек дода истодаанд. Баъди суҳбату вохӯриҳои кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти марбута дар ҷамоатҳои деҳот чандин оилаҳои ҷавон ба ҳам созиш намуданд, - афзуд Х. Саломов.
Коршиносон сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳоро дар деҳоти дурдасти кӯҳистон ба дахолати бемавриди волидон, ҷиҳатҳои манфии муҳоҷирати меҳнатӣ, танқисии рӯзгор, омода набудани навхонадорон ба ҳаёти мустақилона нисбат медиҳанд. 
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ  маҳз  дар  оила  ташаккул  меёбанд.
Имрӯзҳо тибқи муқаррароти мавҷуда дар ноҳияи Тоҷикобод навхонадорон қабл аз  никоҳ ҳатман  аз муоинаи тиббӣ гузашта, ҳуҷҷату варақаҳои ташхисро пешниҳод менамоянд.
Итминон дорем, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар соҳибкасб шудани занону духтарон ва барои расидан ба зиндагии шоиста мусоидат менамояд ва бо истифода аз шароити хуби зиндагӣ падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. 
Дилшод АМИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2018    №: 70    Мутолиа карданд: 604
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед