logo

иқтисод

ВМКБ. КОНИ АНГИШТИ “РАВНОБ” ФАЪОЛ МЕГАРДАД

Кони “Равноб”- и ноҳияи Дарвоз дар сурати фаъолияти бонизом метавонад тамоми соҳаҳои хоҷагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо ангишт таъмин намояд ва боз ҳамасола ҳазорҳо тоннааш ба берун аз вилоят содирот гардад. Ин кон, назар ба маълумоти мутахассисон, қариб 70 миллион тонна захира дорад. Истихроҷи ангиштро дар ин ҷо чанд сол ҶДММ “ВТИ- Помир” ба зимма дошт. Вале кори ин ҷамъият дар истихроҷи ангишти кони “Равноб” пешрав нашуд ва он дар давоми панҷ соли фаъолият ҳамагӣ 3167 тонна ангишт истихроҷ намудааст.

Мутобиқи “Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ дар давраи то соли 2015” истихроҷи ангишт дар ин кон то анҷоми барнома бояд ба 22200 тонна мерасид. Вале аз ин кон солҳои 2012 - ум 1100, 2013 - ум 361 ва 2014 ҳамагӣ 635 тонна ангишт истихроҷ шудаасту халос. Соли 2015 бошад, ҷамъият корро дар кони ангишти “Равноб” тамоман хобонд. Танҳо бо дахолати бевоситаи Азиз Иброҳим, муовини Сарвазири мамлакат ва пофишориҳои роҳбарияти вилоят ҷамъият бо мақсади вусъати корҳои истихроҷ дар кон моҳи августи соли 2015 механизмҳои карйерӣ, 6 адад мошинҳои калонҳаҷми худпарто ва дигар лавозимоти заруриро дастрас намуда, моҳи сентябр ба истихроҷи ангишт оғоз бахшид. Бо вуҷуди ин, ҷамъият тавонист дар мавсим 1071 тонна ангишт истихроҷ намояд. Агар кор бо ҳамин суръат идома меёфт, тамоми идораву муассисаҳои ҳудуди вилоят дигар ба ягон кони дигар муроҷиат накарда, маҳз аз ангишти “Равноб”, ки вобаста ба наздикии роҳ арзишаш камтар меафтад, пурра таъмин мегардиданд. Мутаассифона, бо оғози бориши барф ва баста шудани роҳи Сағирдашт - Равноб кор дар кон пурра хобонда шуду дигар аз нав оғоз нагардид.
Назар ба маълумоти С. Сайфуллоев, мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дарвоз, имсол ҳам дар кони Равноб истихроҷи ангишт сар нашудааст. Аммо ба гуфти Латиф Шоҳзодаев, сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят, истифода нашудани ангишти “Равноб” ба вазъи молиявии вилоят ва таъминоти идораву муассисаҳо, ташкилотҳо ва аҳолии минтақа бо ангишт таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин муддат чандин нафар дар кон ба кор ҷалб мешуданду аз пушти заҳмати ҳалоли худ оилаҳояшонро таъмин мекарданд ва аз дастранҷи онҳо хонаҳои ҳазорҳо нафар ҳамдиёронашон гарм мешуд. Ин ҳолат иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозро ҳам ба мушкилӣ мувоҷеҳ мегардонад.
Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон, раиси ноҳияи Дарвоз, иттилоъ дод, ки соли 2015 муҳлати иҷозатномаи ҶДММ “ВТИ- Помир” ба охир расид. Бо ҳамин кор дар кони ангишт пурра хобонда шуд ва минбаъд идораву муассисаҳои ноҳия аз конҳои ангишти дигар минтақаҳои кишвар бо сарфи бештари маблағ бо ангишт таъмин мешуданд. Дар ин бора чандин маротиба ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардем. Чанде пеш бо дахолати бевоситаи Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти саҳомии кушодаи “НБО Роғун” барои кор дар “Равноб” литсензия гирифт. Пешвои миллат ба роҳбарияти ҷамъияти мазкур супориши қатъӣ доданд, ки корҳои истихроҷиро дар кон зудтар ба роҳ монанд. Ҳамчунин, ҷамъияти мазкур вазифадор гардид, ки дар мавсими имсолаи зимистонгузаронӣ на танҳо тамоми шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, балки баъзе ноҳияҳои ҳамҷавори вилоятро низ бо ангишти хушсифат таъмин намояд. Ба гуфтаи директори ҶСК “НБО Роғун” Хайрулло Сафаров, ҷамъият барои пурра ба кор андохтани кони “Равноб” тамоми имкониятҳоро дорад ва бо кушода шудани роҳ ба тарафи кон ба истихроҷи ангишт шурӯъ менамояд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2018    №: 70    Мутолиа карданд: 138

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед