logo

иқтисод

БОҒПАРВАРӢ ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҒИЗОӢ

Бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар самти зиёд намудани майдони боғу токзор ва ба ин васила афзун гардондани истеҳсоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқи  содиротӣ тадбирҳо андешида мешаванд.
Ин аст, ки имрӯз дар сар то сари ҷумҳурӣ корҳои сабзу хуррамгардонӣ вусъати тоза дорад. “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” ба  рушди соҳаи боғпарварӣ ҳамчун воситаи муҳими таъмини амнияти ғизоӣ такони тоза бахшид.
Бо мақсади иҷрои барномаи мазкур дар ҷумҳурӣ дар масоҳати 4314 га боғу токзори нав (106,2 дарсади дурнамо), аз ҷумла 2381 гектар дар талу теппаҳои бо намӣ таъмин, бунёд шуд.
Дар рушди соҳаи боғдорӣ саҳми ниҳолпарварон хеле назаррас аст. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии хоҷагиҳои ниҳолпарвар «Тоҷикниҳолпарвар» 14 хоҷагии ниҳолпарварии махсусгардондашуда дорад, ки асосан ба истеҳсоли ниҳолҳои мевадиҳанда машғуланд. Соли гузашта хоҷагиҳои корхона зиёда аз 1 миллиону 150 ҳазор бех ниҳоли гуногун, аз ҷумла себ, нок, биҳӣ, зардолу, шафтолу, олу, хурмо, анор, чормағз, бодом, анҷир, лимӯ, ток, тут, сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабз тайёр намуда, дар ярмаркаҳои фурӯши ниҳоли шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои кишвар ва бозорҳо ба харидорон пешниҳод карданд.
Олимони соҳа дар бунгоҳҳои такягоҳӣ ва филиалҳо навъҳои гуногуни дарахтони мевагӣ парвариш намуда, муайян менамоянд, ки барои ин ё он минтақа кадом навъу намуди ниҳол мувофиқ аст. Ба гуфтаи онҳо, барои тамъу лаззати мева обу ҳавои мусоид ва интихоби дурусти қитъаи замин аҳамияти калон дорад. Лекин барои сифати зоҳирии мева бояд, ки риояи талаботи агротехникии нигоҳубини боғҳои ҳосилдеҳ дуруст ба роҳ монда шавад.
- Проблемаи асосӣ барои боғпарварон интихоби дурусти ниҳол мебошад. Он  бояд ба талаботи стандарт ҷавобгӯ бошад. Ниҳоли стандартӣ пайвандӣ, навъӣ ва минтақабоб аст, сертификати сифати ниҳолро аз хоҷагии ниҳолпарвар ё фурӯшанда ҳатман бояд талаб кард, - гуфт Саидалӣ Гулов, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.
Чунонки С. Гулов зикр намуд, як сабаби хушкшавӣ ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набудани ниҳол бошад, омили дигар  нодуруст шинондани ниҳол ё ба андозаи зарурӣ накандани чуқурӣ, додани об, ғизо, дуруст риоя накардани қоидаҳои агротехникӣ мебошад. Боз гуфтан бамаврид аст, ки ниҳолпарвар ниҳолро то ба харидор расондан дар зери хок нею дар ҳавои кушод нигоҳ медорад, ки ин боиси сармо задану хушк шудани онҳо мегардад. Ин ниҳолҳо аз ҳисоби намии танаи дарахт то моҳи июн меистанд ва ба гармии ҳаво тоб наоварда, сипас хушк мешаванд. Дар бозорҳо бояд барои ниҳолфурӯшон ҷойи махсус бошад, ки ниҳол то фурӯхтан дар зери хок нигоҳ дошта шавад.
Боғу токпарварӣ соҳаи даромадноки кишоварзӣ буда, барои фаровонии дастархони мардум, ғизои солим барои сокинони ҷумҳурӣ, таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом ва таъсиси ҷойҳои нави кор аҳамияти муҳим дорад. Аз ин рӯ, дар асоси дастовардҳои илмӣ ва қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ мондани он муҳим аст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2018    №: 70    Мутолиа карданд: 187

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед