logo

фарҳанг

ДАР МОВАРОИ ҲУНАР

Файзулло  Неъматов,  хонандаи синфи 11 – и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №2 – и ноҳияи Муъминобод, бо беш аз шаст намуди ашё ва сабадҳои бофтааш маъруф  ва, ба қавле, ангуштнамои мардуми атроф  гаштааст.
Ӯ бо маҳсули дастиаш дар чандин чорабинӣ  ва намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия ва пойтахти кишварамон иштирок карда, сазовори баҳои баланд гардидааст. Аз ҷумла, дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай  дар чорабинии Вазорати корҳои дохилии кишвар  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо маҳсули ҳунари худ иштирок ва мавриди таваҷҷуҳу ситоиш қарор гирифтааст.
Воқеан, тахайюлоти ин ҳунарманди наврас хеле бою рангин аст. Дар як гӯшаи  меҳмонхона сабадҳои гуногун ва ашёҳои бофтааш ба шакли мизу курсӣ, табақу кӯзаҳои гуногунғунҷоиш барои меваю ҳар гуна шириниҳо, кафшу кулоҳ ба намоиш гузошта шудааст. Хусусан товуси бофтааш таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад.
- Ман чор сол пеш ба сабади қадима зеҳн монда тарзи бофтанро омӯхтам. Дар оғоз бофтан ба назарам хеле мушкил буд. Вале шавқу завқам  рӯз то рӯз меафзуд. Минбаъд сабадҳои  бофтаам ба падару модарам, ҳамсояҳо ва омӯзгоронам маъқул шуданд, ки ба онҳо туҳфа кардам. Сабадҳоро асосан аз навдаҳои шулашу зардбед мебофам. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  эълон гардидани  соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маро рӯҳбаланд сохт ва бароям  нерую илҳоми тоза бахшид, - мегӯяд Файзулло  Неъматов.
Падару модари навраси ҳунарманд Неъмат  ва Гулнигор зимни суҳбат иброз доштанд, ки аз рӯзҳои аввали ба ҳунар шуғл варзидани Файзулло ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ  карданд. Онҳо хеле хурсанданд, ки маҳсули дасти фарзандашон то ба пойтахти кишвар ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Шодиҷон  Махкамов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №2 – и ноҳияи Муъминобод, ба он бовар аст, ки имсол ташрифи сайёҳони дохиливу хориҷӣ  ба кишвар, аз ҷумла  ба ноҳияи Муъминобод меафзояд.   Бинобар ин, дар мактаб гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст, ки хонандагон маҳсули дасти худро ба маърази тамошо гузоштаанд. Дар он сабаду ашёҳои бофтаи Файзулло  Неъматов  хеле ҷолибанд. Назар ба гуфтаи ӯ Файзулло бо баҳои хубу аъло мехонаду орзуи табиб шуданро дорад. Дар баробари ин, майли беандозаи ӯ ба ҳунарҳои дастиву мардумӣ моро бовар мекунонад, ки ҳаргиз шуғли  дӯстдоштаашро тарк нахоҳад кард. Мо ба ин навраси ҳунарманд комёбӣ ва муваффақият хоҳонем.
Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2018    №: 70    Мутолиа карданд: 176

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед