logo

иҷтимоиёт

ВАЗОРАТ ЧОРАҶӮӢ КАРД

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводеро, ки 1 марти соли 2018, таҳти № 46 (23 389), зери сарлавҳаи «Доғи сиёҳ дар хилъати сафед» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр гардида буд, мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дод.
Дар натиҷаи санҷиш нисбат ба ҳодисаи дар мақола зикршуда муайян гардид, ки санаи 9 феврали соли ҷорӣ зани ҳомила Ганҷина Файзалиева, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ба табиби оилавии Муассисаи давлатии «Маркази саломатии шаҳрии №1» Саодат Умарова муроҷиат намуда, бо ташхиси ҳомиладорӣ ба қайд гирифта шудааст.
Нисбат ба оне, ки табиби оилавӣ С. Умарова аз шаҳрванд Г. Файзалиева ҷиҳати ба рӯйхатгирии ҳомиладорӣ ва кушодани дафтари амбулатории шакли № 029 маблағ талаб намудааст, гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд.
Гурӯҳи корӣ якҷоя бо маъмурият ва иттифоқи касабаи марказ масъалаи мазкурро мавриди таҳқиқ қарор дода, нисбати табиб С. Умарова ва ба директори он Г. Амирова муҷозоти интизомӣ татбиқ намуд.
Ҳамзамон, масъалаи мазкур дар ҷаласаи назоратии раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони муассисаҳои табобатӣ баррасӣ гардида, ҷиҳати пешгирии чунин қонуншиканиҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.
С. УМАРЗОДА,
муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2018    №: 70    Мутолиа карданд: 173

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед