Хабарҳо
МОИ "СУҒД" Ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ меафзояд
Чанде қабл соҳибкорони олмонӣ Валентин Бейтлер ва Генрих Шеффлер ба Хуҷанд омада, бо мақсади омӯхтани имконияти ташкили корхонаи муштараки хизмати меҳмонхона, ҳамчунин, хизматрасонии техникии мошинҳои сабукраву боркаш, аз минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дидан карданд.
Теъдоди субъектҳои минтақа аз ҳисоби ҶДММ «Азияполитекс» афзуда, ба 24 адад расид. “Азияполитекс” истеҳсоли халтаҳои полипропилениро барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ ва хоҷагӣ ба роҳ мемонад ва содироти онҳо ба кишварҳои ИДМ дар назар аст. Айни замон сохтмони корхона дар масоҳати шаш гектар идома дорад.
Корхонаи “КСМ Хуҷанд” бошад, бо маблағгузории 2 миллион доллар ба сохтмони заводе машғул аст, ки бозича, велосипед, мошини кӯдакона, мошини ҷомашӯӣ, вентилятор, радиатор ва қисмҳои эҳтиётии пластмассии мошинҳо ва техникаи маишӣ мебарорад.
Тавре корманди масъули маъмурияти минтақа Алия Ҳамидуллина ба “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, дар нимсолаи якуми соли равон корхонаи муштараки “Алча мебел”, ки муассисонаш ҶДММ “Фортуна Ко” ва ширкати туркии ”Уч юлдиз” мебошанд, ба фаъолият оғоз мекунад. Ҳадаф аз ташкили КМ роҳандозии истеҳсоли мебел барои муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва маъмурӣ мебошад. Ҳамчунин, содироти он ба бозорҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон дар назар аст.
Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 331