logo

иқтисод

НОҲИЯИ СИНО АВЛАВИЯТ БА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДА

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунанда бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёде ба сомон расонда шуданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» муносибатҳои байни истеъмолкунанда ва истеҳсолкунандаро ҳангоми фурӯши молу маҳсулот ба танзим дароварда, таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандаро барои харидани моли дорои сифати хубтар, барои саломатии истеъмолкунанда безарар ва гирифтани маълумот оид ба молро кафолат медиҳад.
Зафар Гулов, муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои қонуни мазкур давоми соли 2017 якҷо бо намояндагони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия рейдҳои санҷишӣ - санитарӣ дар самти савдо ва саноати хӯрока гузаронда, ба миқдори 2 тоннаю 787 кило  маҳсулоти муҳлати истеъмолашон гузашта ва пастсифатро аз муомилот гирифтанд. Давоми моҳҳои январ - феврали  соли ҷорӣ низ санҷишҳо дар мағозаву дуконҳои тезтайёр, ошхонаҳо ва тарабхонаҳо камбудиҳои зиёдро ошкор сохтанд. 
Барои риоя накардани талаботи санитарии нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулот соли сипаришуда нисбати 55 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Илова бар ин, санҷиши соҳаи байторӣ нишон дод, ки то ҳол камбудиҳо оид ба фурӯши маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ дар бозорҳои ҳудуди ноҳия ва нуқтаҳои алоҳидаи фурӯши гӯшту шир ҷой доранд. Кормандони шуъбаи назорати давлатии байтории ноҳия реҷаи нигоҳдории амбор - сардхонаҳои ҳудуди ноҳия, аз ҷумла корхонаҳои «Ширинтоҷ», «Сино - 90», «Сафар - 2012» ва «Сеганҷ» - ро мавриди санҷиш қарор дода, ба роҳбарон ва соҳибмулкони онҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои дахлдор доданд.
- Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолияти амбор - сардхонаҳои зикршуда зери назорати доимии сохторҳои марбутаи ноҳия қарор дорад, - зикр кард З. Гулов.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2018    №: 71    Мутолиа карданд: 356
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед