logo

фарҳанг

ИСФАРА РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018, ки ҳадафи асосии он муаррифии шоистаи миллати тоҷик мебошад, дар навбати аввал ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва афзоиши дастранҷи шахсони эҷодкору соҳибистеъдоди кишварамон мусоидат хоҳад намуд.
Эмомалӣ РАҲМОН 
Бо  истифодаи босамар  аз 12 маркази таълимиии  ҳунарҳои мардумии адрасу атлас ва 4 маркази таълими қолинҳои дастӣ, ки дар Исфара соли сеюм фаъолият доранд, наздики 370 нафар бонувони шаҳру ноҳия соҳибкасб гашта, ҳамзамон дар  ин фосилаи вақт қариб 20 ҳазор метри мураббаъ матои атласу адраси дастбоф истеҳсол  ва манзури аҳолӣ гардониданд.  Дар ин марказҳои таълимию истеҳсолӣ 58 адад дастгоҳҳои адрасбофӣ насб карда шуда, соли равон миқдорашон зиёд хоҳад шуд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, ки ба хотири  эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ  боз як маркази бузурги таълимию истеҳсолиро таъсис диҳад, ки фарогири зиёди духтарону бонувон бошад.
- Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштани соли 2018 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, бешубҳа, аз  ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои  қадимии ниёгон такони ҷиддие хоҳад шуд,- иброз медорад Моҳинисо Мирзоева, сармутахассиси Муассисаи давлатии «Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои  халқӣ» дар шаҳри Исфара.- Доиршавии чорабиниҳои гуногун, аз қабили намоиш ва фурӯши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, фестивал-озмунҳо таҳти унвони «Атлас», «Чакомаи гесу», «Чакан», «Хандаи ҳусн» садҳо бонувони хонашинро ҳидоят кард, ки ба шуғли доимӣ рӯ оранд, ҳунар омӯзанду  рӯзгори худро таъмин кунанд. Занони ҳунарманди Исфара Муҳаббат Усмонова ба гирифтани 5 ҳазор сомонӣ, Карима Қозиева ва Гулсунхон Ғаффорова бо дарёфти 10 ҳазор сомонӣ гранти раиси вилояти Суғд шарафёб шуда, бо як дилгармӣ  ҳунари  қадимии ниёгонро вусъат мебахшанду  аз ҳисоби духтарон ва бонувони хонашин боз шогирдон тайёр мекунанд. 
Аз суҳбат бо пирони  деҳу шаҳр аён мешавад, ки дар Исфара, дар маҷмӯъ зиёда аз 70  намуди ҳунари мардумӣ амал мекунад. Адрасу атлас ва қолинбофии дастӣ асосан дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё шудааст. Устоҳои гулдасти Исфара  бо кандакориву нақшу нигори басо ҷолиб мақоми хосса пайдо кардаанд ва имрӯз низ даҳҳо  ҳунармандони  ин ҷо дар бунёд ва нақшу нигори иншооти миллии  шаҳри Душанбе,  навоҳии тобеи марказу вилоятҳои Хатлону Бадахшон саҳми муносиб мегузоранд.
 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми эълон гаштани 2018, бешубҳа, шароит мусоид меоварад, ки боз дар ҷамоатҳои деҳоти Исфара даҳҳо ҳунарҳои ба фаромӯшрафтаи мардумӣ аз нав эҳё шаванд, - таъкид мекунад Моҳинисо Мирзоева.
Тибқи иттилои  дигар корхонаи як замон машҳури «Нилуфар», ки ба истеҳсоли армуғонҳои шарқӣ шаҳру навоҳии Тоҷикистонро ба хориҷи мамлакат муаррифӣ мекард, аз нав эҳё хоҳад шуд.
Ҷовиди  АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2018    №: 71    Мутолиа карданд: 242

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед