logo

фарҳанг

САДРИДДИН АЙНӢ ДАР "ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР"

Бино ба зикри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон бо номи «Чеҳраҳои мондагор» Садриддин Айнӣ аз шахсиятҳоест, ки дар раҳоии миллат аз вартаи нестӣ нақши бузурге гузоштаанд. Муаллиф тамоми паҳлуҳои осори ӯро мукаммал омӯхта, сараввал зикр намудаанд: “Устод Айнӣ  бо мақолаҳои тезу тунди публитсистии худ моҳияти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли гузаштаи қаҳрамононаи халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард”.  Садриддин Айнӣ талошу муборизаҳои гузаштагонамонро, ки дар таърих бо номи пешвоёни ҷодаи озодиву истиқлол, ба амсоли Спитамену Маздак, Муқаннау Шерак, Темурмалику Восеъ ва ғайра маъруф буданд ва ва ҳар яке баҳри худшиносӣ мубориза бурда, қадру эътибори инсонию миллиро дифоъ намудаанд, барои хонандагон ба василаи таълифи асарҳо ошно сохтанд. Имрӯз, дар замони табаддулоти куллӣ, дар ин марҳилаи ҳассосу сарнавиштсоз насли муосир аз корнамоиҳои ниёгони худ ва нокомию шикасту бебарориҳои онҳо низ сабақ мебардорад. Сарвари давлат дар ин  асари бунёдии худ таъкид кардаанд, ки “Муборизаи ҷасурона  ва фаъолияти хирадмандонаи фарҳангиву маънавӣ, идеявӣ, адабӣ ва сиёсиву иҷтимоии ӯ (Садриддин Айнӣ - К. А.)  дар асл корномаи бузурги миллӣ ва саҳми шоиста дар таъмини истиқлолияти Ватан, дар оянда буд. Бесабаб нест, ки устод Садриддин Айнӣ нахустин Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид”. Бино ба зикри Эмомалӣ Раҳмон нахуст хизмати шоистаи  Садриддин  Айнӣ алайҳи онҳое буд, ки халқи тоҷик ва забону адабиёти онро инкор мекарданд. Солҳои 1919-1921 ва 1924-1926 дар  саҳифаҳои матбуот, хоссатан, дар маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” бо санаду бурҳони қотеъ доир ба таъриху тамаддун ва забону адабиёти тоҷик, мероси фарҳангӣ, мактабу маорифи миллӣ, матбуоти тоҷикӣ, давлату давлатдорӣ мақолаҳои зиёд интишор намуда, халқро ба омӯзиш ва маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ даъват кардааст. Пешвои миллат дар тақвияти андеша ва ибрози назари хеш нигоштаи устод Айниро, ки ҳанӯз соли 1920 ба хотири пешрафти мардум, бедории  тафаккури ҷомеа ва худшиносиву худогоҳии  наслҳо зикр карда буданд, меоранд: “Агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем, агар мо иззату обрӯй хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, ба ибораи кӯтоҳ-агар мо ҳаёт хоҳем, моро лозим аст, ки ҳар чи пештар ва бештар ба шоҳроҳи  маориф қадам гузорем”.
Зарур ба таъкид аст, ки асари барҷастаи Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” дар шинохти камолоти халқи тоҷик, бедорию худшиносии миллати тоҷик хидмати беназир буд. Иловатан, нигоштаи муаллифи “Чеҳраҳои мондагор” - ро ба шаҳодат меорем, ки навиштаанд:  “Дар ин вазъияти таърихӣ ба майдони мубориза устод Айнӣ ба ҳайси як қаҳрамони миллӣ ворид гардид”. Ба шаҳодати ин гуфтаҳо ҳамчун таҳқиқгари комилан касбӣ бо далелҳои раднашаванда нуктаи дигар, ки дар шинохти қаҳрамонии Садриддин Айнӣ зикри худро ёфтааст: аввалан, ин дар атрофи маънои вожаи “тоҷик”, ки ҳамрадифи мардуми тоҷдор, олимартаба, озодманиш, ориёӣ маҳсуб мешавад ва мавҷудияти халқи тоҷикро ҳамчун миллати қадимаи Осиёи Марказӣ исбот намуд. Фаъолияти густурдаи устод Айниро дар устувор сохтани истилоҳи “тоҷик” аз нигоҳи маънавӣ, таърихӣ, ҷуғрофиёӣ, сиёсӣ ва луғавӣ собит намуд.
Муаллиф дар асари “Чеҳраҳои мондагор” ба хулоса омада, зикр намудаанд: “Устод Айнӣ ҳар лаҳза дар арсаи мубориза бо қалам  қаҳрамонӣ нишон дод ва барои сарбаландии имрӯзиён роҳ кушод".
Устод Айнӣ аз зумраи бузургони фарҳангу хиради миллати тоҷик ба шумор мераванд, ки умри азизи худро баҳри ташаккули худшиносии миллӣ, боло бурдани маънавиёти ҷомеа ва ситоиши ифтихори миллию ватандорӣ  масраф кардаанд.  Аз ин рӯ, бе баҳс чеҳраи мондагоранд.
Ҳамин тавр, ин асар як сарчашмаи мустақил дар шинохти чеҳраҳои мондагор, бахусус, муайян намудани ҷойгоҳи Садриддин Айнӣ, таҳаввули афкори сиёсиву иҷтимоӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангии устод маҳсуб мешавад. 
Кибриёхон АТОЕВА, устоди кафедраи забони давлатӣ  ва ҷомеашиносии Донишкадаи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2018    №: 71    Мутолиа карданд: 333

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед