logo

иқтисод

ШАРИФ РАҲИМЗОДА: "ИҚТИСОД ДАР ПОЯИ СУЛҲ ПЕШ МЕРАВАД"

Хабарнигори рӯзнома доир ба пешрафт ва дурнамои  иқтисоди мамлакат  бо  Шариф Раҳимзода, олими варзидаи соҳа,  раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ суҳбат орост, ки фишурдаи он  манзури хонандагон  мешавад.

- Муҳтарам Шариф Раҳимзода, раванди  рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи баъди барқарор гардидани ваҳдату оромӣ  чӣ гуна баҳогузорӣ менамоед?
- Ҳанӯз  соли 1989  бо сабаби таназзули иқтисодӣ бархе бахшҳои  иқтисодии  мамлакат хароб гардида,  сохтмони иншооти зиёди стратегӣ нотамом боқӣ монда буд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ якбора 6,2 дарсад поён рафт. Дар натиҷа, Тоҷикистони тозаистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ ва фоҷиабор кашида шуда, иқтисодиёти мамлакат пурра хароб шуд. То соли 1997 ММД тақрибан 60 дарсад коҳиш ёфта буд…
Хушбахтона, баъди  бо талошу ҷоннисориҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор гардидани сулҳу ваҳдат, яъне, шурӯъ аз соли 1997, марҳилаи  рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.  Ин шаҳодати равшан аст, ки  иқтисодиёт, пеш аз ҳама, дар заминаи таъмин гардидани амнияту суботи сартосарӣ пеш меравад. Маҳз  дар ҳамин давра иқтидорҳои нави истеҳсолӣ рӯйи кор омаданд ва бахшҳои фалаҷгардидаи молиявию иқтисодӣ эҳё шуданд. Суръати рушди иқтисодиёти миллӣ батадриҷ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли нахустини барқароршавии сулҳ дар мамлакат  1,7 дарсад ва  соли 2003  11 дарсад афзуд. Солҳои охир низ бо вуҷуди таъсири омилҳои беруна  суръати афзоиши ММД – и ҷумҳурӣ нисбат ба кишварҳои дигар дар сатҳи баланд қарор дорад. Соли гузашта зиёдшавии ММД – и кишвар 7,1 дарсадро ташкил дод, ки айни замон назар ба мамолики дигар нишондиҳандаи беҳтарин аст. Афзоиши  ММД – и дунё давоми як сол ҳамагӣ 3 дарсадро дарбар мегирад. Аз лиҳози нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиёт Тоҷикистон кишвари пешрафта мебошад. Зеро тараққиёти иқтисодии ҳамаи давлатҳо аз рӯи тақсимоти ММД ба ҳар сари аҳолӣ муайян карда мешавад, ки ин нишондиҳанда дар мамлакати мо зинаи баландро касб намудааст. Соли  1997 ММД  ба ҳар сари аҳолӣ 155 доллари ИМА – ро ташкил мекард. Бо афзудани маҷмӯи маҳсулот ин нишондиҳанда соли 2017 ба 820 доллар баробар гардид. Ҳоло моро зарур аст, ки тавассути андешидани тадбирҳо, хусусан аз ҳисоби ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, вобаста ба суръати афзоиши аҳолӣ,  рушди ММД - ро  ба ҳар сари аҳолӣ  то 12 – 13 дарсад баланд бардорем.
- Воқеан, ба шарофати фароҳам гардидани шароиту имкониятҳои истеҳсолӣ имрӯзҳо баробари соҳаи кишоварзӣ бахши саноати мамлакат пеш рафта истодааст. Агар дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ҳиссаи кишоварзӣ бештар аз 23 дарсад ва саноат 16 дарсад бошад, аз рӯи суръати рушд пешравиҳо дар самти саноат бештаранд.
- Бале, тавре мушоҳида мешавад шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ пайваста рӯ ба афзудан доранд. Аммо ин маънои аз кишоварзӣ даст кашиданро надорад. Кишоварзӣ яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёт ва шуғли пурмаҳсул барои тақвият бахшидани таъминоти ғизои аҳолӣ  ва ашёи хоми саноатӣ нақши муҳим дорад.  Дастовардҳо, ҳамчунин, дар ҷодаи сохтмон ва коммуникатсия низ зиёданд. Бунёди иншооти боҳашамати хизматрасонию маъмурӣ ва хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гувоҳи пешравиҳо дар соҳаи сохтмон аст.
Инчунин, дар давраи баъди барпо гардидани сулҳ дар кишвар барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ  беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд ва ба истифода супурда шудаанд. Айни замон, дар ин ҷода  татбиқи лоиҳаҳо  ба маблағи умумии панҷу ним миллиард сомонӣ идома дорад. Ҳукумати ҷумҳурӣ тавассути бунёди роҳу нақбҳо гӯшаю канори Ватанро ба ҳам пайваст.Дар натиҷаи беҳбудӣ ёфтани рафтуои сокинон ба маҳали зисти ҳамдигар ва равобити тиҷоратӣ  ҳисси меҳру муҳаббати ҳамватанӣ миёни онҳо боло гирифт.То ин дам  аз сабаби мавҷуд набудани роҳҳои дохилӣ минтақаҳои  мамлакат аз додугирифти байниҳамдигарӣ, қариб  тайи шаш моҳ дар канор буданд. Онҳо аз ҳисоби маҳсулоти  давлатҳои ҳамсарҳад бо маводи ғизоӣ ва ғайра таъмин мегардиданд. Имрӯзҳо ин мушкил аз байн рафтааст. Як минтақаи Тоҷикистон барои дигар таъминкунандаи молу маҳсулот буда метавонад.
Барои  рушди энергетикаи кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард  сомонӣ татбиқ гардид. Иншооти  бузурги гидроэнергетикӣ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, марказҳои барқу гармидиҳӣ, неругоҳҳои барқи обии хурд, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор бунёд гардиданд. Оғози татбиқи  лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA - 1000 ва ҷоннок гаштани сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун аз ҷумлаи дастовардҳои бузург дар  самти энергетика мебошанд. Мо шоҳидем, ки сол аз сол тавлиди неруи барқ дар Тоҷикистон афзуда, кишвар  ба  содиркунандаи энергияи сабз дар ҷаҳон табдил меёбад.

 - Дастгирии соҳибкорони ватанӣ яке аз самтҳои афзали сиёсати иқтисодии давлат ва Ҳукумати кишвар аст. Ин иқдом дар пешрафти иқтисоди миллӣ чӣ нақш дошта метавонад?
- Дарвоқеъ, соҳибкорӣ такондиҳандаи пешрафти иқтисодиёти миллӣ ва дастгирии соҳибкорон аз ҷониби давлату Ҳукумат кафили  рушди ин соҳа аст. Ҳоло дар мамлакат  наздики 70 дарсади шуғли аҳолӣ ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна рост меояд. Яъне, саҳми соҳибкорон дар афзоиши ММД ва таъминоти шуғли аҳолӣ зиёдтар аст. Бинобар ин, ҷиҳати тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ роҳандозии имтиёзҳои давлатӣ ва дастгириҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Пеш  аз ҳама, қонунгузории мусоид ва содагардонии расмиёт.
 Чунон чи медонем, Президенти мамлакат дар ин самт зимни  ҳар як вохӯрӣ бо соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва  паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ баҳри  дастгирии соҳибкорон ба масъулони сохторҳои марбута дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд. Эълони мороторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор барои ду соли оянда дар кишвар аз зумраи имтиёзҳои навбатӣ дар ҷодаи фаъолияти соҳибкорист. Дар маҷмӯъ имрӯзҳо ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби давлат 8 намуди дастгирӣ  ба роҳ монда шудааст. Аммо пешрафту дигаргуниҳои замон тақозо мекунад, ки барои боз ҳам рақобатпазир гардондани маҳсулоти истеҳсолнамудаи соҳибкорони ватанӣ додани имтиёзҳои бештар зарур аст. Баҳри  дастгирии соҳибкорон чорабиниҳои дигари камхарҷ ба монанди семинарҳои омӯзишӣ, маслиҳати ҳуқуқшиносону иқтисодшиносон, баланд бардоштани маърифати молиявии соҳибкорон ва намоиши самари имтиёзу афзалиятҳои соҳаи  соҳибкорӣ дар маҳалҳоро бояд бештар роҳандозӣ намоем. Мутаассифона, роҳандозии тадбирҳо  дар ин самт аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар назаррас нест. Бо ин сабаб бештари шаҳрвандон, сарфи назар аз фароҳам будани имкониятҳои гуногун, аз имтиёзу афзалиятҳои соҳибкорӣ дар Ватани худ огоҳ нестанд. Онҳо намедонанд, ки  кадом моли бозоргирро истеҳсол карда, ба  савдо гузоранд ва ё талаботи иловагии мардум дар бозор чист. Фаҳмондани  ҳамаи ин нозукиҳо ба мардум вазифаи ҷонии мақомоти маҳаллист.

- Дар бисёри ҳолат соҳибкорони ватанӣ аз сабаби баланд будани арзиши  аслии маҳсулоти тавлиднамудаашон дар бозор рақобат карда наметавонанд. Сабаби ин дар чист?
 - Дур будани кишвари мо аз роҳҳои арзони баҳрӣ аз сабабҳои асосии харҷи нисбатан зиёди истеҳсоли мол дар мамлакат  аст.  Яъне дар таркиби арзиши аслии маҳсулоти соҳибкорони маҳаллӣ ҳиссаи харҷи нақлиёт зиёд аст. Дар мамолики наздики баҳрҳо ҳиссаи харҷи нақлиёт дар тавлиди молу маҳсулот то 4 дарсад бошад, дар кишварҳои мисли ҷумҳурии мо аз баҳр дур он 60 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, мо сӯзишвории нақлиётро аз кишварҳои дур ворид месозем, ки арзиши он чанд маротиб боло рафта, боиси гаронии  хизматрасонии нақлиётӣ  мегардад. Баробари ин, бархе пардохтҳои андозӣ чи дар ҷараёни истеҳсолот ва чи ҳангоми фурӯш ба боло рафтани арзиши аслии маҳсулоти дохилӣ оварда мерасонанд.

- Барои таъмини суръати рушди иқтисодӣ  ва рақобатпазирии маҳсулот роҳандозии кадом тадбирҳо муфид аст?
- Барои пешрафти иқтисодиёт рӯйи кор овардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва ҷалби сармоя зарур аст. Ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузорӣ таблиғу ташвиқи дуруст ва фазои мусоиди ҳуқуқию имтиёзӣ лозим. Сармоягузорон ҳамеша думболи самтҳои фоидаовар мераванд.Чунин афзалиятҳо дар Тоҷикистон зиёданд. Вале имтиёзу афзалиятҳои соҳибкорӣ дар кишвар ба андозаи зарурӣ таблиғ карда намешавад. Дар ин маврид тариқи воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва ҳам хориҷӣ инъикоси ҳар чи бештари сарватҳои табиии мамлакат, фазои мусоиди соҳибкорӣ аз лиҳози қонунгузорӣ ва амнияту суботи сартосарӣ аҳамияти бештар касб менамояд. Солҳои охир ба ин масъала Пешвои миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, ҳангоми сафарҳои корӣ ба мамолики гуногун доир ба имтиёзу афзалиятҳои соҳибкории кишвар бо роҳбарони давлатҳо ва соҳибони ширкатҳои бонуфуз суҳбатҳои махсус меороянд.
Мусоҳиб Ташрифулло
САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2018    №: 71    Мутолиа карданд: 207

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед