logo

фарҳанг

НАШРИЯИ № 1. ИН ҲАҚИҚАТРО ДИГАРБОРА ТАҲҚИҚОТИ ҲИРФАӢ СОБИТ НАМУД

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар доираи як тадқиқоти фарогир оид ба муайян намудани афзалиятҳои расонавии аҳолӣ рӯзномаи серхонотарини мамлакат эътироф шуд.  Натиҷаҳои ин пажӯҳиш, ки рӯзи 6 апрел бо иштироки доираи васеи намояндагони ВАО, созмонҳои ҷамъиятӣ, таҳлилгарону ҷомеашиносон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, собит намуд, ки хонандагон бештар ба мазмуну муҳтавои ин нашрияи бонуфузи мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ба он дастрасӣ доранд.
Дар оғози нишаст оид ба муаррифии ҳисоботи тадқиқотии «Муайян намудани афзалиятҳои расонавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо (паёмрасонҳо) таъкид шуд, ки он дар ҳамдастӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» бо истифода аз фановариҳои навини назарсанҷӣ сурат гирифта, ба ҳеҷ як воситаи ахбори омма бартарӣ дода нашудааст. Натиҷаҳо, танҳо бар пояи мавзеъгирӣ ва эътирофи хонандагон муайян гардида, баёнгари вазъи воқеии фазои иттилоотии кишвар аст.
- Ҳадафи пажӯҳиш муайянсозии дараҷаи истифодаи аҳолии Тоҷикистон аз васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ мебошад. Натиҷаҳои тадқиқот ба суолҳои муҳим посух дода, нишон медиҳанд, ки ВАО - и анъанавӣ бояд дар кадом самтҳо рушд кунад ва чи пешомадҳое онҳоро интизор аст. Он аудиторияи ВАО - и пешрафтаро муайян карда, барои интихоби самтҳои афзалиятнок дар рушди минбаъдаи соҳа ва ё ВАО - и алоҳида мусоидат хоҳад кард, - гуфт директори Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» Қаҳрамон Бақозода.
Зикр шуд, ки шахсони дар назарсанҷӣ иштирокдошта, аз 18 – сола боло буда, интихоби тадқиқоти мазкур бисёрзина, мутобиқшуда ба тақсимоти маъмурӣ - ҳудудӣ ва намуди маҳали эҳтимолӣ мебошад. Дар назарсанҷӣ 2206 нафар иштирок намуда, 27,7 дарсади пурсидашудагон аҳолии шаҳр ва 72, 3 дарсадро сокинони деҳот ташкил медиҳанд.
Директори Ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» Набӣ Юсуфов зимни муаррифии натиҷаҳои тадқиқот гуфт, ки дар Тоҷикистон танҳо ду нашрия - Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Ҷумҳурият», бо теъдоди зиёд ва «Имрӯз-нюс» ҳаррӯз нашр мешаванд. Зимни пурсиш, ки “Кадом рӯзномаро мехонед?”, пурсидашудагон аксаран «Ҷумҳурият» - ро ном гирифтанд. Дар баробари ин, чуноне маълум гашт,  шумораи онҳое, ки ҳар рӯз рӯзнома мехонанд, ҳамагӣ 13,7 дарсадро ташкил медиҳад. - Тадқиқот собит намуд, ки рӯзномаи серхонандатарини мамлакат нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» мебошад. Нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон - «Омӯзгор»  ва нашрияи марказии Ҳизби Халқӣ - Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» мутаносибан мақомҳои дуюму сеюмро касб карда, чоргонаи пешсафро нашрияи порлумонии Тоҷикистон рӯзномаи «Садои мардум» ҷамъбаст кардааст, - изҳор дошт Набӣ Юсуфов.
Дар доираи ин тадқиқот муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” ва радиои “Садои Душанбе” низ аз расонаҳои сертамошобин ва сершунаванда эътироф шудаанд. Дар раддабандии рӯзномаҳои хусусӣ ҷойи аввалро нашрияи маърифатӣ - фароғатии «Оила» ишғол кардааст. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро низ нашрияҳои барои фароғати оилавӣ пешбинишуда - «Дилкушо» ва «Муҳаббат ва оила» ишғол карданд.
Ба қавли Набӣ Юсуфов, дар доираи тадқиқот муайян шудааст, ки новобаста аз пешравиҳои технологӣ ва дастрасии бештар ба расонаҳои электронӣ дар ҷомеа майли зиёд ба рӯзномахонӣ аз байн нарафтааст. Хондани рӯзнома ҳанӯз ҳам барои мардум шавқовар буда, аксари хонандагон ба матолиби касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Шумораи аз ҳама бештари хонандаҳо дорои маълумоти олӣ (67,6 дарсад) буда, боқӣ (46,5 дарсад) дорои маълумоти миёна ва миёнаи махсус мебошанд. Натиҷаи дигари тадқиқот нишон медиҳад, ки шумораи онҳое, ки тариқи обуна рӯзнома мехонанд, ҳамагӣ 16,5 фоизро ташкил медиҳад. Яъне, майли хонандаҳо ба мутолиа танҳо ба обуна вобаста набуда, мазмуну муҳтавои баланди нашрия афзалият дорад. Ин ҳақиқатро фикри наздик ба 84 дарсади хонандагони нашрияҳо бори дигар собит сохт.
Мувофиқи маълумоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар мамлакат 367 рӯзнома нашр мешавад, ки аз ин шумора 105 нашрия давлатӣ ва 262 нашрия ғайридавлатӣ мебошанд. Тавре натиҷаҳои тадқиқоти мо нишон медиҳанд, талаботи аҳолӣ ба нашрияҳои чопӣ то ҳол зиёд мебошад. Қариб нисфи ашхосе, ки мо пурсидем (47,7 дарсад), дар ҷавобҳои худ нишон доданд, ки то ҳол мисли пештара рӯзномаҳои ватаниро мутолиа мекунанд.
Тадқиқоти анҷомшуда воқеияти ин амрро собит намуд, ки «Ҷумҳурият» ба унвони Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди эътирофи ҷомеа ва хонандагони сершумор аст. Чун меҳвари фаъолияти онро ҳадафҳои бунёдӣ ташкил дода, дар тарғиби сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳифзи арзишҳои волои миллӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим дорад. Гузашта аз ин, дар шароити рақобати шадиди иттилоотӣ ба роҳ мондани нашри ҳаррӯзаи он дар солим нигоҳ доштани фазои иттилооти кишвар мусоидат намуда, ба хонанда хабару гузоришоти саҳеҳ ва матолиби таҳлилии коршиносона пешниҳод мешаванд.
«Ҷумҳурият» дар идомаи рисолати арзишманду таърихии худ имрӯз ҳам дар роҳи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, худшиносиву ҷаҳоншиносии мардум пешоҳанги матбуоти тоҷик мебошад. Ин аст, ки хонанда зимни назарпурсӣ аз миёни 367 нашрияи чопии кишвар ба «Ҷумҳурият» авлавият дода, онро ҳамчун рӯзномаи милливу дӯстоштанӣ эътироф намудааст. 
Хуршеди ҶОВИД,
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2018    №: 71    Мутолиа карданд: 285

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед