logo

Хабарҳо

Варзиш

Мунтахаби наврасон дар мақоми дувум қарор гирифт
Дастаи мунтахаби наврасони академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон (U 15) дар мусобиқаи байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти Ҷоми шаҳрдории Бишкек, ки дар пойтахти Қирғизистон сурат гирифт, ширкат намуда, бо ду пирӯзӣ ва як бохт мақоми дувум ва медали нуқраи зӯрозмоиро ба даст овард.
Тибқи иттилои cомонаи ФФТ, футболбозони навраси тоҷик зери сарварии Рустам Қурбонов ва Далер Каёсов ҳунарнамоӣ намуда, бар тимҳои мунтахаби вилояти Чуйи Қирғизистону дастпарварони бошгоҳи «Велвет» - и Қазоқистон мутаносибан бо натиҷаи 3:0 ва 6:0 дастболо гардида, аз дастаи мунтахаби Бишкек ба ҳисоби 1:2 мағлуб шуданд.

«Хуҷанд» - и Хуҷанд садрнишини ҷадвали мусобиқот
Даври чоруми Чемпионати футболи кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид.
Дастаи «Истиқлол» - и Душанбе бар тими «Кӯктош» - и ноҳияи Рӯдакӣ бо натиҷаи 2:0 пирӯз гардид.
Бозии марказии давр дидори дастаҳои «Хуҷанд» ва «Регар – ТадАЗ» дониста мешуд ва он дар варзишгоҳи «Спартак» сурат гирифта, бо натиҷаи 2:1 бар фоидаи тими «Хуҷанд» ба анҷом расид. Дастаи КМВА «Помир» ғалабаи аввалинро дар мусобиқоти имсола бо шикасти «Хатлон» (Бохтар) бо натиҷаи 2:1 ба даст овард.
Тими «Панҷшер» низ бори нахуст дар лигаи олӣ шаҳди ғалабаро чашид. Футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастаи «Барқчӣ» (Ҳисор) – ро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуданд.
Алҳол пас аз анҷоми 4 давр садрнишини ҷадвали мусобиқот дастаи «Хуҷанд» мебошад.
Бозиҳои даври панҷум 13, 14 ва 17 апрел баргузор мегарданд.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 182

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Чин аз хавфи тӯфони «Мария» қариб 400 ҳазор нафар кӯчонда шуд

Созмони ҳамкории исломӣ ба музокироти сулҳ дар Афғонистон даъват мекунад

Чин бори нахуст ба раддаи 20 инноватсионитарин кишвар роҳ ёфт

Қазоқистон истеҳсоли гӯшти мурғро чор маротиба зиёд карданист

11.07.2018


Иштироки Музаффар Ҳусейнзода дар Муколамаи сатҳи баланд

Гулистон. Мактаби санъат сохта мешавад

Шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона таҷдиду азнавсозӣ шуд

Аввалин толори намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид

БОХТАР. Озмуни "Намоиши ҳунарҳои мардумӣ"

Тайёрӣ ба Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Помпео мавзӯъҳои асосии музокироти Путин ва Трампро ном гирифт

Дар ҳамоиши НАТО маблағгузории неруҳои амнияти Афғонистонро ҷонибдорӣ мекунанд

Аҳолии Замин дар як сол 83 миллион нафар афзуд

Қазоқистон истихроҷи нафтро зиёд мекунад

10.07.2018


Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири мамлакат

Баррасии пешгирии амалҳои коррупсионӣ

Дар арафаи Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аввалин эстакада ба истифода дода мешавад

Пирӯзии навбатии Дилшод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед