logo

Хабарҳо

ЛАХШ. Канали пиёзӣ барқарор мешавад

Пеш аз оғози мавсими корҳои саҳроӣ дар натиҷаи фаромадани тарма иншооти обрасонии Пиёзӣ зарари ҷиддӣ дид. Бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри бартарафсозии офати табиӣ ва барқарор намудани иншооти мазкур масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили қубурҳои обгузар, семент, арматура ва дигар лавозимот дастрас гардида, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия техника ва қувваи кориро сафарбар кард, то ҳар чи тезтар аҳолӣ бо оби полизӣ таъмин гардад. Дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ зиёда аз 1,5 километри саргаҳи канали мазкур, ки дар натиҷаи омадани тарма  пурра хароб гардида буд, барқарор гардид. Дар километри 6 - уми иншооти мазкур бар асари канда шудани кӯҳпора қисмати дигари канал ба масофаи 50 метр фурӯ рафта, пурра вайрон шуда буд. Алҳол дар ин қисмат низ кор бо истифода аз техника бомаром идома дорад.
 Канали Пиёзӣ, ки 16 км тӯл мекашад, соли 1955 бо белу каланд аз тарафи сокинони ноҳия тариқи ҳашар бунёд гардида, солҳои 70 - уми асри гузашта азнавсозӣ ва васеъ карда шудааст. Он иншооти муҳими хоҷагии халқи ноҳия ба шумор меравад. Кишоварзону сокинони шаҳраки Ваҳдат ва Ҷамоати деҳоти Ҷиргатол аз он ҳамчун оби полизӣ истифода менамоянд. Тавассути канал 213 гектар замини хоҷагии деҳқонӣ, 267 гектар замини ёрирасони шахсӣ ва 573 гектар замини наздиҳавлигии сокинон обёрӣ мешавад.
Мардуми ин ду ҷамоат бо ба роҳ мондани ҳашарҳои дастаҷамъӣ якҷо бо сохтмончиён ба таъмири иншооти мазкур машғул буда, ният доранд, ки рӯзҳои наздик онро пурра ба истифода супоранд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 295

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед