logo

фарҳанг

ТАБАҚ – БЕҲТАРИН АРМУҒОН

Валӣ Исматов, сокини Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара, аз зумраи устоҳои чирадастест, ки аз 9 – солагӣ ба сохтани ашёи рӯзгор, аз қабили табақ, қошуқ, дару тиреза, сандуқ, мизу курсӣ, гаҳвора, ҷевон, корд ва асбобҳои мусиқӣ машғул аст. Аввалин чизи сохтааш табақчаи хурд ва қошуқ буд. Ӯ интизор надошт, ки табақтарош мешаваду навҳои гуногуни онро меофарад. Пас аз талошҳои пайваста нозукиҳои ҳунарро аз бобояш омӯхт ва чун ҳунарманди ҷавон шуҳрат пайдо кард. Ин касб барои онҳо меросист. Вай шод аз он аст, ки фарзандону наздиконаш дар ин ҷода ёвараш гардидаанд.
- Табақтарошӣ дар Тоҷикистон ҳунари маъмул буда, дар ҳар минтақа онро ба таври гуногун омода месозанд. Нахуст чӯбро интихоб карда, дар дастгоҳҳои махсус ё бо олоти чӯбтарошӣ метарошанд. Барои тарошидани табақ бештар чӯби дарахтони чормағз, тӯт, зардолу, бед, чанор ва ғайраро истифода мекунанд, - мегӯяд В. Исматов. - Ҳоло коргоҳҳои махсус табақҳои сафолӣ, чинӣ, фулузин истеҳсол мекунанд. Онро бо нақшҳои каҷак, гули бодом, товус, чашми булбул зеб дода, ба рӯяш сир медавонанд. Аммо табақи чӯбин танҳо бо заҳмати дасти инсони ҳунарманд пайдо мегардад.
Дар аввал омӯхтани дилхоҳ ҳунар душвориҳо дорад, ки инро ҳамсуҳбати мо усто Валӣ низ таъкид дошт. Вале ба гуфтаи ӯ то кадом андоза ва дар кадом муддат аз бар намудани пешаи мавриди назар танҳо ба худи шахс вобаста аст. Ҳар ҳунарманд бояд дар ҳифзи ин пеша худро масъул донад, то ҳунарҳои мардумӣ аз вартаи нестшавӣ эмин монанд.
Кӯшишҳои пайвастаи Валӣ Исматов буд, ки ӯ дар озмуну намоишгоҳҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ бо маҳсули дастони хеш ширкат варзида, баҳои сазовор гирифтааст. Инчунин, дар чунин намоишҳо маҳсули дасти ӯ таваҷҷуҳи сайёҳонро низ ҷалб намудааст.
- Маҳсули дастони маро сайёҳҳони хориҷӣ аз Русия, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳо ҳамчун ҳадя бурдаанд. Биноан, ҳунармандонро зарур аст, ки бо истифода аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сифати маҳсулоти худро беҳтар карда, ҳамзамон дар андешаи эҷоди армуғонҳои наву ҷолиби дигар бошанд,- бо хушнудӣ мегӯяд Валӣ.
Дар оянда, ният дорад, коргоҳашро васеъ карда, дар заминаи он омӯзиши кулолгариро низ ба роҳ монад.
Лоиқи зикр аст, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ва аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод шудани истеҳсолу фурӯши чунин мавод дар рушди минбаъдаи онҳо ва ҳифзу омӯзиши ҳамаҷонибаашон такони ҷиддӣ мебахшад.
Кароматулло РАҲМАТОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2018    №: 72    Мутолиа карданд: 176

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед