logo

фарҳанг

КИТОБ: ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

“Агар мо аз таъриху фарҳанги халқамон хуб огоҳӣ дошта бошем, забондон бошем, мероси халқамонро метавонем ҳар чи бештар муаррифӣ намоем”. Ин таъкид ва дастури  Сарвари давлат беҳикмат нест. Воқеан ҳам, мо танҳо дар сурате метавонем муаррифгари хуби миллати хеш бошем, ки аз таърихи гузаштаи он, роҳи тайкардааш дар дарозои таърих ва нақши боризаш дар ташаккули тамаддуни башарӣ бохабар гардем. Он дар сурате даст медиҳад, ки ба китоб ва мутолиаи он дилбастагӣ пайдо кунем. Айни ҳол таваҷҷуҳ ба китоб ва мутолиаи он ба таври нигаронкунанда коҳиш ёфтааст.
Паҳнсозии китоб аз роҳи ба савдо гузоштани он сурат мегирад ва савдои китоб дар кишвари мо аз ду роҳ амалӣ мешавад: давлатӣ ва бахши хусусӣ. Савдои давлатии китоб дар ҳолати хеле нигаронкунанда қарор дорад. Он ба  Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” вогузор аст. Ин ниҳод рисолати хешро айни ҳол таври лозим анҷом дода наметавонад. Сабабҳо зиёданд ва асосаш он аст, ки ба ҷуз мағозаҳо дар худи бинои корхона дигар дар қаламрави кишвар нуқтаву дукону мағозаҳои фурӯши китоб надорад. Бо чунин имкониятҳои маҳдуд дар бозори китоб барои муқовимати солим бо бахши хусусӣ қодир нест. Шояд савол ба миён ояд, ки чаро миёни ниҳоди давлатӣ ва бахши хусусӣ, ки бозори китобро дар қаламрави кишвар навадунуҳ дарсад дар даст дорад,  бо назардошти манфиатҳои тарафайн ҳамкорӣ роҳандозӣ намешавад? Бахши хусусӣ ба ин ҳамкорӣ ниёз надорад. Зеро ин бар суди ӯ нест. КДТС “Китоб” китобҳоро чун барои савдо аз муаллифону ноширон қабул мекунад, бо мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва пардохти андоз маҷбур аст, ба нархи аслии китоб аз 5% то 20 % болонархӣ гузорад. Бахши хусусӣ бошад, дилхоҳ китобро метавонад аз дасти аввал, яъне муаллиф, нашриёт ва чопхона бо нархи аслаш ба даст биёрад. Ҳамин боис гардида, ки муаллифону ноширон ҳамкории бахши хусусиро бар ҳамкории КДТС “Китоб” тарҷеҳ медиҳанд ва дуруст ҳам мекунанд, чаро ки КДТС “Китоб” наметавонад китобҳоро сари вақт ба савдо барорад. Ба савдои китоб даст ёфтани муаллифону ноширону чопгарону соҳибкорони инфиродӣ доираи савдои давлатии китобро хеле маҳдуд кардааст. Ин хеле нигаронкунанда буда, бебандуборӣ ва бенизомӣ дар бозори китоб аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Бо ҷой доштани чунин ҳолат  касе гуфта наметавонад, ки дар бозори китоби тоҷик имрӯз чӣ китобҳо ва бо чӣ сифату чӣ муҳтаво дар гардишанд? Шояд дар ҳошияи ин нукта андешае рӯ занад, ки ноширон аз муҳтавои китобҳо воқифанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки асли кор на чунин аст. Омӯзиши ҷиддии масъала нишон дод, ки китобҳо дар кишвари мо аз се роҳ чоп мешаванд: тавассути нашриётҳо, бо истифода аз тамғаи нашриёт ва бо сарфи назар кардани тамғаи нашриёт. Китобҳое, ки аз тарафи нашриёт чоп мешаванд, мавриди тасҳеҳу таҳрир қарор гирифта, дар онҳо муқаррарот ва стандартҳои марбут ба нашри китоб риоя мешавад. Дар роҳи дуюм муаллиф аз нашриёт бо пардохти маблағи муайян тамға ва рақами стандарти байналмилалии китоб (ISBN) - ро дарёфт намуда, китобашро дар дилхоҳ чопхона ба нашр мерасонад. Дар роҳи сеюм дарёфти тамғаи нашриёт ва рақами стандарти давлатии китоб сарфи назар мешавад ва муаллиф танҳо аз хизмати чопхона кор мегирад. Дар роҳи дуюм ва сеюм аз муҳтавои китоб танҳо муаллиф бохабар ҳасту муҳаррири он (агар дошта бошад). Барои китобҳои аз ҳар се роҳ нашршуда ворид шудан ба бозори китоб ягон монеа вуҷуд надорад. Ҳамин аст, ки дар китобҳои аз ду роҳи баъдӣ рӯйичопомада дар бештари маврид меъёрҳо, муқаррарот ва стандартҳои чоп риоя намегарданд. Яъне дар онҳо дар аксари ҳолат макони чоп, соли нашр, рамзҳои таснифӣ, рақами муаллиф, ташреҳи мухтасар, теъдоди чоп, чопхонаву суроғаи он ва ғайра нишон дода намешаванд. Ин ҳолат на танҳо барои роҳандозии дурусти тасвирнигории библиографӣ, кори китобхонаҳо, балки барои дуруст ба роҳ мондани ҳисоби омори матбуот низ монеа эҷод менамояд. Ҳолати ҳукмфармо тақозои онро дорад, ки пеши роҳи усули дуюму сеюми чоп фавран гирифта шавад. Он гоҳ метавон итминон варзид, ки ҳар гуна китобҳои мазмунан заифу пастсифат ба хонанда пешниҳод нахоҳад шуд. Ин асло маънои маҳдуд кардани ҳуқуқи муаллифонро надорад ва бо ин гуфтанӣ нестем, ки нашриётҳо (манзур нашриётҳои давлатист) аз нигоҳи молӣ ба ҳадде қудратманданд, ки метавонанд ҳар гуна китоби пешниҳодшударо ба нашр расонанд. Матлаби мо ин аст, ки миёни соҳиби китоб ва нашриёт дар асоси шартнома ҳамкорӣ сурат бигирад. Ба ибораи дигар, нашриёт бо дарёфти маблағи муайян китобро тасҳеҳу таҳрир намуда, дар чаҳорчӯби стандартҳо (давлатӣ, байнидавлатӣ, байналмилалӣ) ва меъёрҳои пешбинишуда таҳия ва тарроҳӣ намуда, ба соҳиби китоб тамғаи нашриёт ва рақами стандарти байналмилалии китобро ироа намояд.  Аз нигоҳи мо ин ягона тадбири дурусти пешгирӣ аз чопи китобҳои пастсифат ва роҳ надодани онҳо ба бозори китоб аст.
Сироҷиддин ИКРОМӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2018    №: 72    Мутолиа карданд: 214

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед