logo

иҷтимоиёт

ВМКБ. МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ТИБ НАМЕРАСАНД

Вазъи таъминоти муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят бо кадрҳои баландихтисос дар кадом сатҳ қарор дорад? Вобаста ба ин масъала Насрингул  Некушоева, сардори раёсати тандурустии Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон чунин  ибрози назар намуд:

- Тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ, ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгӯ намудани маҳорати касбии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии кишвар маҳсуб  меёбад. Амалӣ гардондани Барномаи давлатии тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010 - 2020 аз бисёр ҷиҳат барои расидан ба таъмини кадрҳои баландихтисоси соҳа мусоидат менамояд. Тавре аз санҷишу таҳлил ва  мушоҳидаҳо бармеояд, дар ин самт дар вилоят солҳои охир  пешравиҳои зиёде рӯи кор омадаанд. Ҳамасола талаботи муассисаҳои тиббию профилактикӣ бо кадрҳои баландихтисос муайян гардида, бо  роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва коллеҷҳои тиббӣ ба муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳо сафарбар карда мешаванд. Ин тадбир имкон дод, ки талаботи муассисаҳо бо  кадрҳо таъмин карда шавад. Агар соли 2000-ум дар вилоят 158 нафар кадрҳои соҳа нарасида бошад, ба ҳолати имрӯза ин  нишондиҳанда ба 113 нафар баробар гардид.
Таҳсили ҷавондухтарон ва писарон аз деҳоти дурдаст дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки дар доираи ғамхориҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат роҳандозӣ гардид, ки ба таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо кадрҳои баландихтисос мусоидат намуд. Ҳамин тариқ, дар соли 2014 ба вилоят 7  нафар, соли 2015 - 8, солҳои 2016 ва 2017 - 7  нафарӣ барои кор дар муассисаҳои табобатӣ ба маҳали зист баргашта, бо кор  таъмин шуданд.
 Имрӯз дар 333 муассисаи табобативу профилактикии вилоят 491 нафар табибон бо маълумоти олӣ ва 1971 нафар кормандони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ фаъолият менамоянд.
Дар тайёр намудани кормандони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ дар вилоят коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ низ саҳми босазо дорад. Дар ин  муассиса 400 нафар донишҷӯ таълим мегирад, ҳамчунин, дар гурӯҳҳои  мақсаднок дар ноҳияи Дарвоз бо теъдоди 75 нафар, Мурғоб - 23, Ванҷ - 53 ва  Рӯшон - 58 донишҷӯ дар заминаи муассисаҳои табобатию профилактикии ноҳияҳо ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Новобаста аз ин, дар самти таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои соҳибмаълумот ҳанӯз камбудиҳо ҷой доранд. Масалан, агар дар маркази вилоят таъминот  бо мутахассисони соҳа қариб 240 дарсадро ташкил дода бошад, дар   ноҳияҳои Ишкошиму Роштқалъа ин нишондиҳанда аз 50 дарсад ҳам камтар  аст. Деҳоти дурдасти вилоят ба мутахассисони соҳа, мисли момодоя ва ғайра  ниёзи бештар доранд. Мутахассисони тибби оилавӣ умуман дар миқёси вилоят ҳанӯз камчинанд. Ин ҳолат аз фаъолияти нокифояи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо дар самти ба маҳали зист баргардондани хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббӣ, ки бо Квотаи президентӣ  таҳсил мекунанд ва ё тариқи буҷавӣ таҳсил намудаанд, дарак медиҳад. Тайи  чор соли охир бештар аз 20 нафар ҷавонону духтароне, ки бо Квотаи  президентӣ таҳсил карда буданд, мебоист ба муассисаҳои маҳали зист  бармегаштанд, дар маркази ҷумҳурӣ ва дигар минтақаҳои кишвар, ҳатто  берун аз он ба кор даромадаанд. Ҳамчунин, ҳангоми ҷудо намудани  квотаҳои президентӣ барои довталабон аз ноҳияҳои вилоят ба инобат  нагирифтани зарурияти воқеии муассисаҳои табобатӣ ба мутахассисон низ ба  норасоии кадрҳо дар баъзе муассисаҳои тандурустӣ боис мегардад.  Масалан, дар вилоят нарасидани мутахассисони соҳаҳои санитарӣ - эпидемиологӣ аз ҳама бештар ба назар расад ҳам, чанд соли охир барои ин  соҳа квота ҷудо нашудааст.
 Бинобар ин, хуб мешуд, ки мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, сардорони идораю муассисаҳои табобатию профилактикӣ ҷиҳати интихоб ва ба ҷои кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон, фароҳам овардани шароити мусоиди моддию маишии онҳо тадбирҳо андешанд.
Раҳмони  ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2018    №: 72    Мутолиа карданд: 309

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед