logo

фарҳанг

ИЛМ ҒОФИЛ НАМОНЕМ!

Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон  муҳимтарин масоили ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри рушди онҳо ва  рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои зарурӣ доданд.
Хусусияти хос ва фарқкунандаи Паёми навбатӣ аз паёмҳои пешин дар он аст, ки раванди таъсиррасонии манфии буҳрони молиявӣ  ва раҳоӣ аз он, истифодаи мақсадноки захираҳои истеҳсолӣ, самаранок истифодабарии маблағҳои пешбинишуда, пешгирӣ аз хароҷоти нодаркор  мушаххас нишон дода шудаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон илми тоҷик низ таҳти раҳнамоию ҳидоятҳои пайвастаи роҳбарияти давлатамон хеле пеш рафта, олимони тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Ҳаёти  минбаъдаи инсониятро бе техника ва технологияҳои замонавӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Рӯз аз рӯз зиёд гаштани теъдоди аҳолии сайёра олимонро муваззаф месозад, ки барои ҳаёти осоиштаи мардум аз неруи зеҳнии созанда васеъ истифода баранд.
Аз дигар тараф зуҳури техникаи нав кори инсониятро чандин маротиба осон намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мусоидат мекунад. Имрӯз масъалаи ихтироъкориву навоварӣ, кашфи эҷоди техникаву технологияҳои нав ва ҳар чи бештар ба роҳ мондани робитаи илму истеҳсолот аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки бояд дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Академияи илмҳо ва сохторҳои марбутаи он қарор дошта бошад. Аз ин лиҳоз, олимону ихтироъкорони моро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати анҷом додани таҳқиқоти ҷадид ва рушди илмҳои дақиқ эътибори ҷиддӣ диҳанд. Вақти он расидааст, ки олимону донишмандони тоҷик аз омӯзиш ба амал гузашта, симои фарҳанги техникии оламро ба ахтари тозаҷавлон зиннат бахшанд. Зеро, танҳо амал метавонад рисолати азалии илмро дар ҷомеа таъмин созад.
Аз ин лиҳоз, олимонро зарур аст, ки аз вақт оқилона ва самаранок истифода бурда, дар олами илму маърифат фалакпаймо гарданд.Чунки дар ҳар давру замон масоили марбут ба илм, дастёбӣ ба донишҳои воқеӣ, ба афкору зуҳури мавҷудоти бошуур мудом таъсири худро мегузорад. Илм бо амал судманд аст. Ба андешаи камина дар чунин шароити мусоид меҳнат накардану дастоварде надоштан гуноҳи нобахшиданист. Хурдтарин кашфиёт метавонад нафърасони ҷомеаи бузург бошад.
Иҷобатулло АКРАМОВ,
директори КВД «Таъминоти илм»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2018    №: 72    Мутолиа карданд: 195

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед