Хабарҳо
Масадзо Нонака: «Як сирри дарозумрӣ рӯзномахонист»
Cky news. Аз асрори дарозумрии солортарин сокини сайёра пайвандонаш ҳикоят карданд.
Масадзо 25 июли соли 1905 дар ҷазираи Хоккайдои Ҷопон таваллуд шудааст. Ӯ оилаи калон – ҳафт бародар, хоҳар ва 5 фарзанд дорад. Ҷопонии 112 - сола сирри умри тӯлониашро дар ширинидӯстӣ, мутолиаи рӯзнома ва оббозӣ дар чашмаҳои гарм медонад. Мӯйсафеди барнодил ҳар рӯз газет мехонад ва дар чашмаи гарм бо шиноварӣ ҳаловат мебарад.
Рекорди қаблии дарозумрӣ ба испании 113-сола Франсиско Оливер мансуб буд, ки феврали ҳамин сол реҳлат намуд. Дарозумртарин нафаре, ки дар сайёра ба сар бурдааст, Жан Луис Алман мебошад: вай 122 солу 164 рӯз зистааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 378