Хабарҳо
Трамп: «Ба муносибати бади Русия ва ИМА демократҳо ва атрофиёни Обама гунаҳгоранд»
Regnum.ru. Президенти ИМА Доналд Трамп сабаби торафт шиддат гирифтани муносибати давлаташро бо Русия дар ба ном тадқиқоти алоқаҳои эҳтимолиаш бо Москва мебинад. Аз ин хусус ӯ дар саҳифааш дар Twitter навишт.
«Бисёр мушкилот бо Русияро тафтишоти дурӯғӣ ва беасосе ангехтааст, ки демократҳо ва ё атрофиёни Обама сарварӣ карданд», - гуфтааст Трамп. Мавриди тазаккур аст, ки як соат қабл аз ин Трамп дар Twitter ин огоҳиро сабт намуд: «Русия бояд ба зарбаи мушакии ИМА ба Сурия омода бошад».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 361