Хабарҳо
ДАЪВАТ. ВМКБ дар иҷрои нақша пешсаф аст
Аз оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ рӯз сипарӣ гардид. Дар ин муддат 36 дарсади нақшаи даъват иҷро гардид.
Дар ин бора Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ идома дорад. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин маъракаи муҳим аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ пешсаф буда, то кунун 49 дарсади нақшаро иҷро намудааст.
Ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон чун мавсимҳои гузашта, дар нахустин рӯзҳои даъвати баҳории ҷавонон ба хидматӣ ҳарбӣ аз иҷрои нақша гузориш дод. Ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва Мурғоби ВМКБ низ аз аввалинҳо шуда, нақшаи уҳдадории худро иҷро намуданд.
Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, то 31 май идома меёбад.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 309